РОҲ КАЙҲОН НЕСТ-ё садамаи марговар ронандаро ба маҳбас бурд.

         «Роҳ кайҳон нест»-гуфтани хирадманде беҳикмат набудааст. Зеро ҳангоми ҳаракат дар он як беэҳтиётӣ, ғуруру худнамоӣ, бе андешегии ронанда боиси оқибатҳои нохуш шуда метавонад. Мутаасифона, бо фаҳми ин ҳикмат на ҳама ронандагон мерасанду ба он риоя мекунанд. Баъзе аз ронандагон ба кару фар ва манманиҳои беҳуда дода шуда, дар роҳ бо суръати баланд мошин меронанду ба қоидаҳои ҳаракат риоя намекунанд. Ва чунин афрод оқибати кор мушти пушаймонӣ ба сар мезананд. Онҳо боре ҳам намеандешанд, ки эҳтиёт ними ҳаёт буда, пуёи роҳ оҳиста-оҳиста ба манзил мерасад, на бо шитобу ҷадвал ва ҳангомаю худхоҳиҳои беҳуда.

Бале, нофармонбарорӣ ба аломатҳои роҳ касро ба куйи мақсуд бурда намерасонад. Ба чунин ҳолат айнан шаҳрванд А. ру ба ру гардид. У 15 январи соли 2019, тахминан соати 15-30 дақиқа бо автомашинаи тамғаи «Опел-астра» дар роҳи мошингарди назди деҳаи Элоки ҳудуди шаҳр бо суръати 80 километр/соат ҳаракат намуда, ба садама дучор гардид…

Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати ин ҳодиса мавриди баррасӣ қарор дода, муайян намуд, ки ронанда А. ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт талаботи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дағалона вайрон кардааст. У ҳангоми ҳаракат шароити роҳ ва масофаю ҳадди биниши онро ба эътибор нагирифта, худбоварию бепарвоӣ зоҳир намуд. Дар натиҷа, воситаи нақлиёт ба канори рости роҳ баромада, ба дарахте бархурд. Бар асари ин садамаи нақлиётӣ шаҳрвандон Б. ва В., падару модари шаҳрванд А., ки дар дохили мошин ҳамчун мусофир нишаста буданд, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Экспертизаи тиббӣ-судӣ ҳангоми муоина муайян кард, ки ҷароҳатҳои ҷисмонии бадани шаҳрвандон Б.,В. ва Г., аз қабили харошаҳо, захми латхурдаи дарида, шикасти кушодаи фарқи сар, шикасти пушидаи қабурғаҳои тарафи чап, шикасти пушидаи рони чап, шикасти пушидаи ҳарду бозу сабаби асосии маргашон шудаанд.

Суд ҳолатҳои сабуккунанда, шахсияти судшавандаю ҳолати корро ба эътибор гирифта, бо ҳукмаш шаҳрванд А.-ро бо моддаи 212, қисми 3-юми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба у ҷазои маҳрум сохтан аз озодиро таъин намуд.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат Қурбонзода Шоҳин Шараф