ҶАЗО БА ШОҲИДИ ХОМӮШ

ҶАЗО  БА  ШОҲИДИ  ХОМӮШ

Дар маҷлиси сайёри судӣ, ки дар бинои «Кохи Маърифат»-и шаҳри Ваҳдат баргузор гардид, парвандаи ҷиноятӣ нисбати шаҳрванд «А», соли таваллудаш 1997, таҳсилоташ миёнаи нопурра, зодаи шаҳри Ваҳдат баррасӣ гардид.

         Судшаванда «А» 21 августи соли 2023, соати 19:30 дақиқа бо ҳамроҳии шаҳрванд «Б» шоҳиди ҷинояти шаҳрвандон «В», «Г» ва «Д» шудаанд, ки ба шаҳрванд «Е» дарафтода, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, ба саломатиаш зарари ҷисмонӣ расонида, аз ӯ як адад телефони мобили тамғаи «Нокиа» ва 600 сомонӣ пули нақд тасаруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. «А» ва «Б» хомӯширо ихтиёр намуда, аз ҳодисаи содиршуда ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ хабар надоданд.

         Суд дар асоси моддаҳои 310, 332-335, 338, 339, 341-344, 347, 348, 351 ва 359-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд «А»-ро гунаҳгор дониста, ба вай бо қисми 1, моддаи 347-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноят ҷазои ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 34000 ҳазор сомонӣ таъйин намуд.

         Фаромӯш набояд кард, ки агар шахс шоҳиди ҷинояте шуда, мақоли «даҳони пӯшида сад танга»-ро шиори худ қарор медиҳад, нисбаташ ҳамчун ҷинояткор чораандешӣ карда мешавад.

 

Муовини Раиси суд;

Асрорӣ И.Қ.