ВОХӮРӢ

ВОХӮРӢ

Дар таърихи 5-уми апрели соли 2024 дар бинои «Кохи маърифат»-и шаҳри Ваҳдат вохӯрии Муовини Раиси суди шаҳри Ваҳдат Асрорӣ Ифтихор Қурбон, Муовини прокурори шаҳри Ваҳдат Искандарӣ Сулаймон ва кормандони мақомотҳои дахлдори давлатӣ бо шаҳрвандон доир гардид. Ҳадафи асосии гузаронидани вохурӣ ин фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 28 декабри соли 2023 баргузор гардид, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм» ва «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм».

Муовини Раиси суди шаҳри Вахдат Асрорӣ Ифтихор Қурбон  дар ҷамъомади мазкур баромад намуда, баён дошт, ки зимни ироаи паёми Сардори давлат соли 2024-умро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон доштанд. Ҳадаф аз пешниҳоди мазкур ҷалби шаҳрвандон ба омӯзиш ва донистани қонунҳои амалкунандаи кишвар ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо мебошад. Новобаста аз он, ки шаҳрванд ба кадом касбу кор шуғл дорад, бояд ӯ соҳиби маърифати баланди ҳуқуқӣ бошад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ барои ба пешрафти соҳа ва касбу кор саҳм гузоштан мусоидати комил менамояд. Яъне, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар аз низоми устувори ҳуқуқӣ ва маърифати баланди шаҳрвандон вобастагии калон дорад.  Баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии мардуми кишвар ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Расидан ба ин ҳадаф, яъне рафъи камбизоатӣ ва беҳдошти некӯаҳволии мардум, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ки ҳадафи олии давлат мебошад, барои дар сатҳи ҳукуматӣ таҳия ва қабул шудани барномаҳои давлатӣ дар паёми мазкур зикр гардидаанд.

Ба ғайр аз ин иброз дошт, ки шаҳрвандон бояд донанд, ки пайравӣ ва аъзо гардидан ба ҳар гуна ҳаракату ҳизбҳои хусусияти экстромистиву терористидошта ин ҷиноят буда,  ҷазоҳои сангин муқаррар карда шудааст. Таъкид карда шуд, ки дар кишвар тамоми имкониятҳо фароҳам оварда шудааст, ки ба ҳар як шаҳрванд шароити зиндагии арзанда ва зиндагонии шоиста таъмин карда шавад. Бинобар ин ҳар як шаҳрванд бояд донанд, ки саҳми онҳо барои бунёди ҷомеаи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияти миллӣ муҳим буда, дар шароити имрӯза, ки иддае аз хоинон мақсади ба роҳи бад бурдани шаҳрвандони мамлакатро дорад, бояд ки зиракии сиёсии худро аз даст надода, барои рушди кишвар ва таъмини якпорчагии давлати азизамон саҳм гузоранд.

Дар ин давом Муовини прокурори шаҳри Ваҳдат Искандари Сулаймон баромади Муовини Раиси суд Асрорӣ И.Қ.-ро ҷонибдорӣ намуда вобаста ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ба худкушӣ расонидан ва сӯйқасди он ва даст задани шаҳрвандон, хусусан аз ҷониби занону ноболиғон ба чунин ҷиноятҳо қайд намуд.

Муовини Раиси суди шаҳри Ваҳдат Асрорӣ И.Қ.