ВОХӮРӢ

ВОХӮРӢ

Дар таърихи 16-уми апрели соли 2024 дар Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи-и шаҳри Ваҳдат вохӯрии судяи суди шаҳри Ваҳдат Муминзода Исмоил Маҳмадулло ва кормандони мақомотҳои дахлдори давлатӣ бо аҳолии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат доир гардид. Ҳадафи асосии гузаронидани вохурӣ ин фаҳмонидани нуқтаҳои асосии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 28 декабри соли 2023 баргузор гардид, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Судяи суди шаҳри Вахдат Муминзода Исмоил Маҳмадулло   дар ҷамъомади мазкур баромад намуда, баён дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «Соли 2024, соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шавад. Эълон гардидани соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳои дорад, балки тадбири муҳими саривақти барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад. Сарвари давлат қабл аз он, ки соли ояндаро соли маърифати  ҳуқуқӣ пешниҳод намояд оид ба авзои ҷаҳон ва вобаста ба он доир ба амнияти давлат ва суботи ҷомеа дар пайи он дар бораи шароит ва имконияти қувваҳои мусаллаҳи мамлакат иттилоъ додаанд.

Ба ғайр аз ин иброз дошт, ки Чуноне дар пешгуфтори Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» омадааст, мақсади он пурзур намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.

Бепарвоии аксари волидон нисбат ба таълиму тарбияи фарзанд, аз илму ҳунаромӯзӣ дур мондану ба оварагардию корҳои номатлуб даст задани наврасон ва билохира, косташавии ахлоқу маърифату фарҳанги онҳо, ки ворисони ояндаи миллат шуморида мешаванд, зарурати қабули ин қонунро пеш овард. Ба хотири ояндаи миллату ҷомеа ва тарбияи ворисони сазовор меарзад, ки ҳар як банди қонунро бо масъулияти баланд иҷро кунему мавриди амал қарор диҳем. Гарчанде аз қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» начандон соле сипари гардида бошад ҳам, имрӯз ҳастанд нафароне, ки талаботи қонуни мазкурро риоя намекунанду ин кирдори онҳо муайяну ошкор гардида, ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Аз ин рӯ, биёед вазифаю масъулиятии худро бо амри виҷдон бо ҷо оварда, ба буҷаи оилаю давлат ҳисорот ворид насозем ва фарзандон-ворисони сазовору ифтихори падару модар ва Ватанро тарбия намоем.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат Муминзода И.М.