ПАРЧАМ-МОЯИ ИФТИХОРУ МАСЪУЛИЯТ

          Моҳи майи соли 1945, вақте ҷанговарони Шӯравӣ Берлин, пойтахти Олмонро ишғол кардаанд, сарбозони қаторӣ Егоров ва Кантария бар фарози Рейхстаг, кохи ҳукумати фащистӣ боло шуда, парчами гитлериро аз он ҷо дур андохтаанд ва дар гумбази кох байрақи шӯравиро парафшон сохтаанд. Ин Ливои Зафар буд, рамзи Ғалабаи бузург буд, ки аз пирӯзии Давлати сермиллати Шӯроҳо дар ҷанг бо Олмони фашистӣ башорат медод.

Достонсарои бузурги мо Абдулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и безаволаш аз қарнҳои дуре ҳикоят мекунад, ки сарзамини қадимаи ориёиро қувваҳои аҳриманӣ бо саркардагии Заҳҳоки золим истило намуданд. Майлу иродаи ин шоҳи бераҳм тобеи ду море буд, ки дар вуҷудаш ҷо гирифта, ӯро ба ҳама ваҳшоният ва амалҳои ғайриинсонӣ таҳриқ медоданд. Ба хотири қонеъ сохтани нафси саркаши ин морҳо дар мамлакат ҳар рӯз ду ҷавон қурбон мешуданд, ғизои онон одам буд. Кишвар аз Заҳҳоки хунхор ба дод омад. Ошӯби сартосарии мардумро дар мамлакат марди таҳамтане ибтидо гузошт, ки Кова ном дошту оҳангарӣ мекард. Коваи оҳангар пешдомани чармини кориашро сари найза баста, онро дирафши мубориза алайҳи ин шоҳи золиму бедодгар қарор дод. Коваю ҳамсафонаш бо ин дирафш бар душман пирӯз шуданд ва ба Ватани азизашон дубора озодию истиқлолият оварданд. Қаҳрамони дигари асотири мо, шоҳ Фаридун дирафши мазкурро азизу муҳтарам медошт ва онро бо зару зевар ороста буд. Ҳикоят мешавад, ки ин дирафшро минбаъд арабҳо, пас аз ишғоли сарзаминҳои мазкур ба тороҷ бурдаанд.

Биёем ба рӯзҳои мо. Шояд мушоҳида карда бошед, вақте дар ин ё он кишвари дунё мотами умумихалқие мешавад, нӯги парчамҳои давлатиро дар ҳама ҷое, ки бошанд, поён мефуроранд. Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз гузаштаҳо инҷониб ба ҷуз он, ки парчами давлатиашонро дар ҳама ҷо метавон дид, боз вақти бахоксупорӣ рӯйи тобути шаҳидони ҷангҳоро бо он мепӯшонанд. Мамлакат ба ин тариқа назди қаҳрамонони хеш сар фуруд меоварад, ононро гиромӣ медорад.

Чуноне мебинем, парчам аз аҳди бостон то кунун чун рамзи муқаддаси Ватан, давлат, истиқлолияту озодӣ, рамзи мубориза ва ваҳдату ягонагӣ дар ҳаёти башарият мақоми махсус доштааст. Ва гузаштаҳои мо аз қадим бо он ошно будаанду тоҷикон аз ҷумлаи аввалин халқҳои парчамдори дунё ба шумор мераванд. «Шоҳнома»-и Ҳакими Тӯсӣ шояд ягона таърихи дар хат сабтшудаи дунёст, ки қадимтарин давраҳои зуҳури парчам «Дирафши ковиёнӣ»-ро тасвир мекунад. Муаррихон низ бар инанд, ки аввалин парчамҳо дар давлатҳои бостоние мисли Миср, Чин ва Эрон пайдо шуданд.

Парчам чун тимсоли лашкар ва давлату Ватан ҳамеша бо эҳтиёти тамом ҳифзу нигоҳдорӣ мешуд. Ҳар сипаҳсолор парчами хосаи худро дошту он нишонаи лашкар шуморида мешуд. Парчамҳо акси ҳайвоноту паррандаҳои афсонавӣ, шер, уқоб ва ғайраро таҷассум мекарданд. Онҳо лашкарро дар ҳама ҷо, дар қароргоҳ, ҳангоми сафарҳои ҷангӣ ва муҳориба ҳамроҳӣ мекарданд. Ба ҳифзашон сарбозони қавӣ ва далеру шуҷоъро вобаста менамуданд. Парчамро ҳифз карда тавонистан шараф, онро аз даст додан шармандагию мағлубият буд. Барои ҳамин сарбоз ҷонашро қурбон мекарду парчамро сар намедод ва он ҳамон замон ба дасти сарбози дигар мегузашт.

Анъанаҳои мазкур дар солҳои шӯравӣ ва баъди он идома ёфтаанд. Дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аскарони мо барои ҳифзи парчам, ки рамзи сарзаминашон буд, корнамоиҳои бемисл нишон додаанд. Ҳар қисми ҳарбӣ парчами худро дошгт. Қисмеро, ки парчамашро бой додааст, мувофиқи оиннома барҳам медоданд, масъулон ба ҷавобгарӣ кашида мешуданд. Дар ситоди қисм ҷое, ки парчам нигоҳдорӣ мешавад, муқаддастарин ҷой аст, ки ҳамеша ба таври шабонарӯзӣ дар ҳифзи мусаллаҳонаи сарбозон қарор дорад.

Тоҷикистони мо баъди соҳибистиқлолӣ дорои анна, ҳамин рамзи муқаддас гардид. Парчами давлатии Тоҷикистон, рамзи мустақилият ва озодию ягонагии кишвар рӯзи 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии мамлакат қабул шудааст. Иҷлосияи таърихие, ки ҳукумати конститутсиониро барқарор карда, роҳбарияти нави кишвар, Раиси Шӯрои Олӣ, Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро интихоб намуд, ба қатъи ҷанг ва роҳи сулҳу суббот ибтидо гузошт, ҳамзамон Парчами давлати тозаистиқлоли тоҷиконро низ ба тасвиб расонд. Рӯзи дигараш, яъне 25 ноябри соли 1992 он ба толори Қасри Арбоб, ба Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ворид карда шуду Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон назди парчам сар фуруд оварда, онро бӯсиданд ва барои вафодорӣ ба Ватан савганд ёд карданд. Парчами давлатии Тоҷикистон бар фарози Қасри Арбоб, макони баргузории Иҷлосияи Шӯрои Олӣ парафшон гардид.

Инак, аз он воқеаи таърихӣ 27 сол мегузарад. Имрӯз ҳар яки мо, вақте парчами зебои кишварамонро қатори парчамҳои мамолики дигари мустақили дунё назди қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид назора мекунем, вақте он дар ҷамъомаду форумҳои бузурги байналмилалӣ, дар мусобиқоти бошукуҳи ҷаҳонии варзиш барафрохта мешавад, ба ҳаяҷон меоем, дилҳоямон лабрези фараҳу шодмонӣ ва ғуруру ифтихор мегардад. Тоҷикистон бо халқи бунёдкораш, бо сарватҳои бойи табииаш яке аз давлатҳои рӯ ба пешрафти дунёст. Бо 176 кишвари олам муносибатҳои дипломатӣ дорад. Ташаббусҳои созандааш ҳамеша мавриди қабулу ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор мегиранд. Давлати ҳуқуқбунёду дунявӣ ва иҷтимоист, ки субботу оромиро дар ҷоеа таъмин сохта, барои беҳбуди пайвастаи зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам меоварад. Мо бо қадамҳои устувор роҳии фардои ободу осуда, бунёди як кишвари пешрафтаи саноатию технологӣ ҳастем. Ин ҳама дар парчами мо ифода ёфтаасту ифтихорамон мебахшад. Аз он, ки мо имрӯз истиқлоли давлатӣ дорему ҳар кореро ба суди халқамон бошад, анҷом медиҳем.

Парчами давлатии Тоҷикистон бинои судҳо, толори мурофиаҳои судиро низ зеб медиҳад. Ин ҳисси масъулияти бузург илқо мекунад. Мо ҳукмҳои худро бо номи Тоҷикистони азизамон мебарорем. Суд шохаи мустақили ҳокимият дар кишварамон аст. Риояи қонун, адолати судӣ аз ҷониби мо бошад, пойдориву устувории кишварамон, ҳаёти осудаи шаҳрвандонамонро таъмин месозад.

 

Фарҳод Абдуллозода.

Судяи суди шаҳри Ваҳдат.