ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

                              ИСТИҚЛОЛИЯТИ  ҶУМҲУРИИ  ТОҶИКИСТОН

         Дар санаи 08 сентябри соли 2022 ба муносибати истиқбол намудани ҷашни 31 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлисгоҳи судии суди шаҳри Ваҳдат ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон, муовини Раиси суд Ҳабибуллозода Хайрулло судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

       Раиси суд Камолзода С.И. тамоми кормандони судро бахшида ба ҷашни 31 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз арзиши олии ин ҷашни бузург барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таманниётҳои неки худро иброз намуд.

        Бо ташабуси Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон як қатор кормандони дастгоҳи суд бахшида ба муносибати 31-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои фаъолияти бе нуқсон, босифат иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ баҳри ба амал барории адолати судӣ сарфароз гардонида шуданд.  

         Вобаста ба ин роҳбарияти суд дар чорабиниҳои ҳукумати иштирок намуда, баромадҳо намуданд. Инчунин Муовини Раиси суд Ҳабибуллозода Х. ва судяҳои суди шаҳри Ваҳдат дар шабакаҳои телевизион ва радиои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ баромаду суҳбатҳо баргузор намуда дар рузномаву маҷаллаҳо мақолаҳо ба чоп расониданд.

         Ба ғайр аз ин гирду атрофи бинои суд тозаву озода нигоҳ дошта шуда, бинои суд бо шиору овезаҳои ҷашни оро дода шуд.