ХАЙРИЯ

Дар санаи 12-уми майи соли 2020 Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон аз ҳисоби маоши худ ба ифтитоҳи моҳи шарифи рамазон ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба пешгирии воридшавӣ ва паҳншавии сирояти нави короновирус COVID-19 ба оилаҳои камбизоат ва маъюби шаҳри Ваҳдат Машрабова Рафоат 25 июли соли 1961 таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Эшмуродов хонаи №121, Латипов Маҳмурод Раҷабалиевич 11 ноябри соли 1987 таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Тангаи, Олимов Маҳмадназар Холназарович 11 январи соли 1975 таваллудаш ва ҳамсараш Ҷомаҳмадова Ойби Зубайдуллоевна 14 апрели соли 1980 таваллудаш сокинони шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Чуянгарон, деҳаи Хордараи боло дар маҷмуъ ба се оила маводҳои хурока аз қабили орд, равған, чой, қанд, макарон, собун, биринҷ, тухм ва маводҳои антисептикӣ-дастпушак, ниқоб ҳамчун кӯмаки хайриявии якдафъаина ба маблағи 1640 (як ҳазору шашсаду чил) сомонӣ расонида шуд.

 

 

Раиси суди

шањри Вањдат:                                         Камолзода С.И.