Баромади Раиси суд Камолзода С.И. дар Ҷамоати деҳоти Симиганҷи ш.Ваҳдат вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

       Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон дар санаи 13 январи соли 2020 дар байни аҳоли ва сокинони Ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ намуда, мӯҳтавои Паёми сарвари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷи кишварро фаҳмонда дод.    

Мӯҳтарам ҳозирини гиромӣ! Чихеле ки медонем санаи 26-уми декабри соли 2019 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, ки дар он самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар,  ҳадаф ва вазифаҳои мақомотҳои давлатӣ дар соли ҷорӣ, беҳатаркунонии сатҳи зиндагӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии халқ зикр гардид. Дар муқоиса аз паёми соли гузашта, паёми имсолаи Сарвари давлат асосан ба рушди соҳаи сайёҳӣ, фароҳам овардан ба фазои сармоягузорӣ, такмили низоми қонунгузории кишвар бахшида шуда, таъкид карда шуд, ки дар заминаи Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат  Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шуда, барои ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, аз ҷумла барои сармоягузороне, ки ба иқтисодиёти кишвар зиёда аз як миллион  доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд додани раводиди бисёркаратаи панҷсола пешниҳод гардид, ки ин раванд барои ҷалби бештари сармоягузорон ва дар ин замина рушд намудани низоми иқтисодиёти кишвар таъсири мусбии хешро хоҳад расонид.

Соҳаи маориф ҳамчун соҳаи афзалиятноки кишвар дар паёми мазкур зикр гардида, диққати асосӣ барои ба камол расонидани кадрҳои баландихтисос, донишманд ва илмдуст равона гардида, таъкид гардид, ки барои беҳтар намудани сифати таълим ва таъмин намудани сифати беҳтари илмомузӣ мақомотҳои давлатӣ чораҳои заруриро андешанд. Вобаста ба ин аз ҷониби Пешвои миллат солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,  дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд, ки ин барои рушди фанҳои дақиқ ва дар ин замина ба вуҷуд омадани кадрҳои баланди ин соҳа таъсири хуби хешро расонида, боиси ба вуҷуд омадани ихтироотҳои нав ва кашфиётҳои илмӣ хоҳад гардид. Ҳамчунин бо мақсади ҳавасманд ва беҳтар намудани  сатҳи дониши хонандагон пешниҳод гардид, ки ҳамсола олимпиадаҳои фаннӣ гузаронида шуда, озмунҳои Ҷумҳуриявӣ такмил ва зиёд карда шавад, ки ин ҳама  шароит фароҳам меорад, ки шумораи илмомузон зиёд гардида, ихтироот ва кашфиётҳои бузург ба вуҷуд оянд.

Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дуст дорем ва онро ҳамчун гавҳараки бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем-таъкид гардид дар паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ. Вобаста ба ин ҳар яки моро зарур аст, ки забони ноби тоҷикиро ба пуррагӣ аз худ намуда, бо шеваи баланди тоҷикӣ ҳарф занем ва дар куҷое, ки набошем ҳаргиз забони миллии хешро фаромуш насозем. Дар баробари донистани забони тоҷикӣ ҳар яки мо бояд забонҳои хориҷиро аз худ намуда, дар баробари замони муосир чун кадри рақобатпазир устувор бошем. Ҳамчунин диққати асосӣ барои хондани китобҳои бадеӣ равона гардида, зикр карда шуд, ки  дар як сол на камтар аз панҷ китоби бадеиро аз худ намоем, чунки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва мо вазифадорем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омузем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандустиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.   Таъкид карда шуд, ки мо ки будани аҷдоди гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёнитабор будани худ ифтихор кунем. Вобаста ба ин аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини соҳа супориш дода шуд, ки шумораи нашри китоби таърихии «Тоҷикон»-и Бобоҷон Fафуровро афзоиш дода, барои ҳар як оила аз номи Роҳбари кишвар туҳфа намоянд, ки ин раванд моро муваззаф менамояд, ки аз таърихи гузаштаи худ бохабар гардида, бо қаҳрамонҳои миллии хеш, ки барои посдории миллати тоҷик ҷони хешро нисор намудаанд, шинос гардем.

Ҳамчунин вобаста ба беҳтар намудани сифати хизматрасонии тиббӣ, сохтмони беморхонаҳои замонавӣ, расонидани ёрии аввалини сифатноки тиббӣ ва дар ин замина солим нигоҳ доштани аҳолии кишвар таваҷҷуҳи хоса дода шуда, барои рушд намудани соҳаи мазкур таклифу супоришҳои  муносиб дода шуд. Дар баробари беҳтар гардонидани низоми хизматрасонии тиббӣ, диққати асосӣ барои беҳтар намудани шароити зиндагонии мардум ва паст намудани сатҳи камбизоатӣ бахшида шуда, зикр шуд, ки бо мақсади кам намудани шумораи оилаҳои камбизоатон ва бекорон шумораи ҷойҳои кории холӣ афзоиш дода шуда, сармоягузорони милливу хориҷӣ барои рушди иқтисодиёти кишвар ҷалб карда шаванд.

Занон чун қисми ҷудонопазири кишвар дар меҳвари асосии Паёми Президенти кишвар қарор дода шуда, таъкид карда шуд, ки минбаъд низ барои  баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа чораҳои зарурӣ андешида, занону бонувони лаёқатмандро ба вазифаҳои давлативу роҳбарӣ ҷалб хоҳем кард. Имрӯз дар ҳамаи мақомотҳо ва идораҳои давлатӣ иштироки бевоситаи занон ба назар мерасад, ки ин омил дар низоми судии кишвар низ истиснокунанда намебошад, зеро зани тоҷик имрӯз дар вазифаҳои судя ва роҳбарикунандаи  мақомоти судӣ кору фаъолият намуда истодааст.

Таъмини амният ва субот дар ҷомеа дар ҳама маврид масъалаи муҳим ва сиёсати асосии давлат мебошад, ки дар Паёми Сарвари давлат низ муборизаи беамон бурдан бо гуруҳҳои терористиву экстромистӣ ва ҳар гуна гуруҳҳои ифротӣ таъкид карда шуд. Дар ин замина мо кормандони мақомоти судӣ фаъолияти кории хешро барои таъмини амнияти кишвар равона карда, зимни баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ, ки марбут ба фаъолияти экстромистӣ ва шомил шудан ба ҳар гуна равияву гуруҳҳои тундгароӣ мебошад, ҷазоҳои сазоворро таъин намуда, ҷиҳати бартараф намудани чунин қонунвайронкуниҳо ва пешгирӣ намудани содир гардидани ҷиноят дар байни аҳолӣ таъинотҳои хусусӣ ирсол карда шуда, ҳамзамон вохӯриву суҳбатҳои судманд бо сокинони маҳалҳо гузаронида мешавад.

Мӯхтарам ҳозирини гиромӣ! Мақомоти судӣ низ ҳамчун шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ ва субъекти асосии баамалбарорандаи адолати судӣ дар меҳвари асосии паёми Президенти кишвар қарор дода шуда, таъкид карда шуд, ки тамоми мақомотҳои давлатӣ вазифадор мебошанд, ки барои таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, сари вақт ҳал намудани баҳсҳо, таъмини дурусти муошират бо шаҳрвандон чораҳои зарурӣ андешида, фаъолияти кории хешро дар доираи талаботи қонунҳои амалкунандаи кишвар ба роҳ монанд. Дар ин замина мо кормандони суди шаҳри Ваҳдат бо ҳисси баланди ватандустӣ ва дарки дурусти амру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти кории хешро  дар чаҳорчубаи қонунҳои кишвар ба роҳ монда, муроҷиати ҳар як шахсро, ки ба суди мазкур муроҷиат менамоянд сари вақт ҳал менамоем. Ҳамчунин аз ҷониби Раиси суди шаҳри Вахдат ва ҳар судяҳои суди мазкур рӯзҳои қабули шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, кӯшиш менамоем, ки сари вақт баҳсҳои бавуҷудомадаро ҳал намоем. Зеро мо ба хубӣ дарк кардаем, ки вазифаи асосии мо ин хизмат намудан ба Халқ мебошад ва кӯшиш менамоем, ки ин вазифамонро софдилона ба иҷро расонем.

Дар маҷмӯъ мӯхтавои асосии Паёми  Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид ба рушди соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар бахшида шуда,  ҳар яки моро вазифадор менамояд, ки фаъолияти кории хешро софдилона ва поквиҷдонона амалӣ намуда, дар рушди низоми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми назарраси худро гузошта бошем.

Раиси суди шаҳри Ваҳдат:

 Камолзода С.И.