Конститутсия

       

          Дар асоси муқаррароти Конститутсияи соҳибистиқлол дар Тоҷикистон бисёрҳизбӣ-рукни муҳимтарини сохта мардумсолорӣ бунёд ёфт. Дар соҳаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ низ дигаргуниҳои бузурге ба амал омаданд. Гуногуншаклии моликият ва рушди озоди соҳибкорӣ аз ҷониби давлат ва ҷамъият пуштибонӣ меёбад. Дар асоси ин системаи  ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад. Аз ҷумла, гузаштан ба низоми бисёрзинагии таҳсилот дар соҳаи маориф, ба системаи пешқадами тандурустӣ маҳз ба шарофати муқаррароти Конститутсияи давлатӣ соҳибистиқлоламон даст дод.

        Тамоми корҳое, ки дар партави Конститутсияи давлати соҳибистиқлоламон анҷом дода шудаанд, танҳо ба хотири таҳкими пояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлати Тоҷикистон, фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагӣ ва фаъолият барои шаҳрвандон ва мустаҳкам намудани Ваҳдати миллии тамоми сокинони Тоҷикистон анҷом дода шудаанд.

        Имрӯз баъди сипарӣ гардидани солҳо аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътимодамон қавӣ мегардад, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари тоҷикон, кафолатбахши амнияту осоиши кулли халқу миллатҳои сокини сарзамини тоҷикон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон шоҳроҳи эътимоду боварӣ, раҳнамунсози миллати соҳибтамад-дуни тоҷик ҷониби қуллаҳои баланди Истиқлолияти давлатӣ, пешрафту созандагӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ ва худшиносию ҳуввияти миллӣ мебошад.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат      Ҳалимбекзода Иброҳим.