ЗАБОН ГАНҶИНАИ БЕБАҲОСТ

ЗАБОН ГАНҶИНАИ БЕБАҲОСТ

«Забони тоҷикӣ поянда аст,

то даме, ки миллати тоҷик ҳаст,

забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».

                            Эмомалӣ Раҳмон

         Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад ва сазовори навои баландмазмуни модари азиз гардад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил ором мегирад, зеро он лафзи модарист. Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу қарин ва меҳрафзост.

         Мо имрӯз хушбахт аз онем, ки забони мо дорои таърихи куҳан ва ганҷинаи бебаҳост. Забони баландҳиммате, ки Саъдию Ҳофизи бузург, Синою Хайём, Бедилу Низомии зинатофарин ҳаёд, бо он ҳарф мегуфтанд. Забоне, ки Айниву Лоҳутӣ, Миршакару Турсунзода, Бозору Лоиқ номдораш гардонидаанд, ки имрӯз аз ҳастии бузургаш меболем.

         Имрӯз забони муқаддасро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд онро биомӯзанд. Инро дидаву шунида, мо соҳибзабонон низ вазифадорем, ки забони бузурги модарамонро поку беолоиш нигоҳ дошта, дар тозагиву равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем. Зеро фармудаанд:

                   Забони модарӣ фархунда доред,

                   Шумо, ки ворисони рӯзгоред.

                   Барои ҳар каломи поки модар,

                   Даруни синаҳо ҳайкал гузоред.  

         Вазифаи ҳар як тоҷикзабон, пеш аз ҳама, аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз камбуду нуқсонҳои ғайр ё забони бегона сухан гуфтан барои тозагии алфози забони модари хеш саҳмгузор бошем.

         Бо қарори Созмони Миллали Муттаҳид 21 феврали соли 2002 рӯзи байналмилалии забони модарӣ эълон гардидааст. Аз соли 1989, 22 июл бо қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ- забони тоҷикӣ эълон гардид. 5 октябри соли 2009 таҳти №553 Қонун дар бораи забон бори дигар қабул гардид, ки вазъи ҳуқуқии забонро муайян мекунад. Мувофиқи ин қарор коргузории тамоми корхонаву муасисаҳо ва мактаб ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегиранд.

         Мо, тоҷикзодагони асил, хамеша пайи он мекӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Намегузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модар коста бигардад. Пояндагии забони модарӣ ба мо, забондорон, вобастагӣ дорад.

         Президенти кишварамон муҳтарам Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба манзалат ва поянда будани забони модарӣ чунин гуфтаанд: «Миллате, ки арзишҳои миллии хешро қадр карда наметавонад, қимату манзалати забони миллати ғайрро низ эътироф наметавонад кард». Аз ин рӯ, бисёр мебояд ҷаҳд намуд, ки забони миллати хешро ба пуррагӣ аз худ кард.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат:

Қурбонзода Шоҳин Шараф.