Вохӯрии муовини Раиси суди шаҳри Ваҳдат Асрорӣ И.Қ. дар “Ҷамоати деҳоти Б.Бурунов”-и шаҳри Ваҳдат

Вохӯрии муовини Раиси суди шаҳри Ваҳдат Асрорӣ И.Қ. дар “Ҷамоати деҳоти Б.Бурунов”-и шаҳри Ваҳдат

Дар санаи 29-уми январи соли 2026 аз ҷониби муовини Раиси суди шаҳри Ваҳдат Асрорӣ Ифтихор Қурбон дар бинои Ҷамоати деҳоти «Бозорбой Бурунов»-и шаҳри Ваҳдат бо иштироки судяи суди шаҳри Ваҳдат Иброҳимзода Тоҷидин Иброҳим, ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат Раҷабов Суруш ва дигар кормандони мақомотҳои дахлдори давлатӣ бо шаҳрвандон вохӯрӣ ва мулоқот баргузор гардид. Сараввал муовини Раиси суд Асрорӣ И.Қ. вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми декабри соли 2025 баргузор гардид суханронӣ намуда иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 соли 2026-умро “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон доштанд. “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, эълон гардидани соли 2026-ум ин бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ, инчунин ифтихор аз истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Инчунин ҳар яки моро зарур меояд, ки фаъолияти кории худро дар заминаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ монда, ҳар як банд ва дастуру супоришҳои онро сармашқи кории худ қарор диҳем ва дар амалигардонии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақшгузор бошем. Воқеан мо тавонистем, ки зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Пешвои муаззами миллат роҳҳои байналмилалӣ бунёд намуда ба иқтисоди ҷаҳон пайваст гардем, инчунин неругоҳҳои обии барқӣ бунёд намудем, корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда ҳазорон ҷойҳои кории холӣ барои шаҳрвандони мамлакатамон муҳайё намудем, ки ин ҳама баҳри ноил гардидан ба чор ҳадафи миллиамон мебошад. Бинобар ин моро зарур аст, ки сиёсати давлату миллатамонро ба пуррагӣ дастгирӣ намуда, баҳри бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёду демократӣ саҳмгузор бошем. Таҷрибаи талхи иддае аз халқияти давлатҳо моро водор ба он менамояд, ки ҳиссаи миллии худро боло бардошта, манфиати давлату миллатамонро аз ҳамаи дигар манфиатҳои шахсӣ боло гузорем.
Ба ғайр аз ин ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2025 дар моддаи 253 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова карда шуд, вайрон кардани меъёри қувваи барқ, ки қонуни мазкур барои ба ҷавобгарии ғайримақсаднок истифода бурдани қувваи барқ тасдиқ гардидааст. Мо бояд шукргузори аз ин давлат намуда, қувваи барқро самаранок истифода барем, чунки ғайримақсаднок истифода бурдани он ҷавобгарии ҷиноятиро пешбинӣ намудааст.
Ҳадафи асосии гузуронидани мулоқот ин пешгирии содиршавии ҷинояту ҷинояткорӣ буда, таъкид карда шуд, ки имрӯз ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд сиёсати пешгирифтаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон-ро дастгирӣ ва дар амал татбиқ намуда барои пешрафти Ватани азизамон саҳми хешро гузорад.
Итминони комил дорем, ки дар сатҳи баланд гузаронидани «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» баҳри дар кишварамон таҳким ёфтани ҷомеаи ҳуқуқбунёд мусоидати комил хоҳад намуд.
Дар ин давом судя Иброҳимзода Тоҷидин Иброҳим ва Ёрдамчии прокурори шаҳри Ваҳдат Раҷабов Суруш баромади Муовини Раиси суд Асрорӣ И.Қ.-ро ҷонибдорӣ намуда вобаста ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ба худкушӣ расонидан ва сӯйқасди он ва даст задани шаҳрвандон, хусусан аз ҷониби занону ноболиғон ба чунин ҷиноятҳо қайд намуданд.

Муовини Раиси суд: Асрорӣ И.Қ.