ОҚИБАТИ ҚАЛЛОБӢ

Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати судшаванда «А», истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, зодаи шаҳри Ваҳдат, 30-юми марти 1973 соли таваллудаш, миллаташ узбек, маълумоташ олӣ, оиладор соҳиби чор фарзанд, пеш суд шудааст бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 12 сол бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар фаъолияти соҳибкорӣ ба мӯҳлати 5 сол таъин карда шудааст, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Борбад дар содир намудани ҷинояти бандҳои “а,в” қисми 2 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд.
Судшаванда «А» барои он гунаҳгор дониста шудаст, ки ба содир кардани ҷинояти қаллобӣ яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб, такроран бо расонидани зарари ҷиддӣ ба шаҳрванд даст задааст.
Номбурда моҳи майи соли 2025 бо шаҳрванд “Б” барои идомаи хизмати ҳарбӣ озод намудани писараш аз фурсати муносиб истифода бурда, дидаю дониста аз он ки ваколати аз хизмати ҳарбӣ озод кардани сарбозонро надорад, бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварӣ ба “Б” ваъда намудааст, ки метавонад бар ивази маблағи 50 000 ҳазор сомонӣ писарашро тавасути комиссияи тиббии ҳарбӣ ба хизмати ҳарбӣ ноқобил эътироф намуда, аз хизмати ҳарбӣ озод намояд.
Судшаванда “А” баҳри расидан ба қасди ҷинояткоронааш давоми моҳи майи соли 2025 мунтазам ба ҷабрдида “Б” занг зада, бо роҳи фиреб бобати зудтар барояш дастрас намудани маблағи ҳарчи пулии талабнамудааш ва дар ин асно ҳал намудани масъалаи аз идомаи хизмати ҳарбӣ озод кардани фарзандаш-ро намудааст. Ҷабрдида бехабар аз ниятҳои қасдонаи судшаванда ба таклифи номбурда розӣ шуда, моҳи майи соли 2025 дар манзили истиқоматиаш воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиев вохурда аз маблағи талабнамудааш 20 000 ҳазор сомонӣ-ро дар ҳузури писараш додааст ва судшаванда боз овардани боқимонда маблағро талаб намудааст. Пас аз ин судшаванда аз маблағи гирифтааш қонеъ нашуда боз санаи 7 июли соли 2025 бо ҷабрдида дар сӯроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур-2 кӯчаи С.Айнӣ дар назди дидбонгоҳи намунаи БДА Ҷумҳурии Тоҷикистон вохурда маблағи боқимонда 29 000 ҳазор сомонӣ-ро гирифта ваъда додааст, ки дар рӯзҳои наздик ҳатман кори ваъданамудаашро иҷро менамояд. Судшаванда “А” бо роҳи фиреб ҷамъ маблағи 49 000 ҳазор сомонӣ-ро гирифта ба манфиатҳои шахсиаш сарф карда, барои аз идомаи хизмати ҳарбӣ озод кардани сарбоз ягон амалро иҷро накарда ба номбурда зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.
Номбурда ҷинояти қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо роҳи фиреб такроран бо расонидани зарари ҷиддӣ ба ҷабрдида “Б” задааст, ки ҳолати ҷойдошта аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва ошкор карда шуда, нисбати судшаванда «А» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ судшаванда ихтиёран маблағҳои зарари бо роҳи ҷиноят ба ҷабрдида расонидашудаи худро ба миқдори 49 000 (чилу нуҳ ҳазор) сомонӣ ба ҷабрдида “Б” барқарор намудаанд.
Дар рафти мурофиаи судӣ судшаванда худашро дар содир намудани ҷинояти зикршуда пурра гунаҳгор шуморида, аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Ҷабрдида “Б” дар мурофиаи судӣ изҳор дошт, ки зарари аз тарафи судшаванда расонидашуда барқарор гардида, инчунин аз тарафи ӯ нисбати судшаванда ягон даъво надорад. Аз суд хоҳиш кард, ки нисбати судшаванда дар доираи қонун ҷазои сабук таъин карда шавад.
Суд ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда, нишондоди судшаванда «А» инунин ҷабрдида, шоҳидон ва дигар паҳлуҳои парвандаи ҷиноятиро ба эътибор гирифта, судшаванда «А» бо моддаи 247 қисми 2 банди «а,в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо ин модда ба онҳо ҷазои сазовор таъин намуд.

Судяи суди шаҳри Ваҳдат
Фаридуни Раҳматшо