Маҷлиси кушоди Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати шахрванд «А», миллаташ тоҷик, соли таваллудаш 1987, маълумоташ миёнаи нопурра, муваққатан бекор, муҷаррад, соҳиби се фарзанд, қаблан суд шудааст, истиқоматкунанадаи шаҳри Ваҳдат, деҳаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилов мавриди баррасӣ қарор дод.
«А» ҷинояти дар моддаи 179 иловаи 2, қисми 2- банди «а»- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷавобгари ҷиноятиро барои такроран маблағгузори намудан ба гурӯҳҳои терористи муқаррар менамояд, содир кардааст. «А» аз соли 2008 инҷониб мунтазам ба муҳоҷирати меҳнати ба (Федератсияи Россия) рафта, бори охир 28 майи соли 2022 тавассути хатсайри Душанбе – Москва сафар кардааст. Ҳангоми дар ҳудуди кишвари мазкур қарор доштанаш ӯ ба ғоя ва ақидаҳои роҳбарони созмонҳои ҲНИТ ва Паймони миллии Тоҷикистон, ки тибқи ҳалномаҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутаносибан аз 29 сентябри соли 2015 ва 15 августи соли 2019 ташкилоти террористӣ – экстремистӣ эътироф ва фаъолияташон манъ карда шудаанд, шинос шуда, онҳоро ҷонибдори кардаанд. Номбурда бо мақсади иштирок дар фаъолияти ташкилотҳои экстремистӣ– террористии ҲНИТ ва Паймони миллии Тоҷикистон, ҳамчунин бо мақсади дастгирии аъзоёни фаъоли онҳо даст ба «ҷинояти молиявӣ» зада, иштироки худро дар фаъолияти ташкилоти мазкур таъмин кардааст.
Бо ин мақсад ӯ давраи аз 1 май то 31 декабри соли 2023 ба муовини роҳбари созмони терростӣ– экстремистӣ Садурдинов М. ки 7 маротиба, ба миқдори умумии 17 500 рубли Федератсияи Россия интиқол карда бо ин роҳ дар пешбурди фаъолияти созмонҳои террористӣ– экстремистӣ зикршуда ҳамчун аъзои онҳо бевосита мусоидат намудааст.
Агар яке аз сабабҳои содир шудани ҷинояти мазкур сатҳи пасти дониши ҳуқуқи шахрванд бошад, аз ҷониби дигар камфаъолиятии масъулини Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат мебошад.
Суд ҳангоми муайян кардани ҷазо нисбати судшаванда «А» шаҳодати шоҳидон «Б» ва «В», ҳолатхои сабуккунанда, шахсият, рафтори судшаванда пас аз содир намудани ҷиноят, сидқан пушаймон шудан, дар таъминоташ доштани кӯдакони хурдсолро ҳамчун ҳолатҳои истиснои ба эътибор гирифта, нисбати судшаванда “А” ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ бо моддаи 179 иловаи 2, қисми 2, банди «а»- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуриии Тоҷикистон таъйин намуданро мувофиқи мақсад шуморид.
Бинобар асосҳои болои ва бо дастрасии моддаҳои 332- 335, 338, 339, 341-344, 347, 348, 357 – 359– Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳукм кард:
Судшаванда «А» бинобар содир намудани ҷиноят бо моддаи 179, иловаи 2, қисми 2, банди «а»- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 13 (сенздаҳ) сол бо адои ҷазо дар колоннияҳои ислоҳии дорои низоми сахт таъйин карда шавад.
Баррасии парвандаи зикршуда собит менамояд, ки ноогоҳи аз қонунҳои амалкунандаи кишварамон, фирефта шудан ба таблиғоту ташвиқоти созмону гурӯҳҳои фаъолияташон мамнуъ ва ҳамкориву дастгирии онҳо касро аз озодӣ маҳрум ва ҳаётро доғдор месозад.
Бинобар ин, аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки пайваста савияи донишҳои ҳуқуқии худро баланд бардошта аз таблиғоту ташвиқоти дуруғини созмону гуруҳҳои экстремистиву террористӣ ва аз ҳамкори бо онҳо дури ҷуста, зиндагии орому осоиштаи худро мубталои ғаму андӯҳ нагардонанд.
Дар яке аз ҳикматҳои халқиямон омадааст: «Сад бор чен куну якбор бур». Яъне, ба ҳар коре омодаги мегирем, қабл аз он бояд биандешем, ки амали мо чи натиҷае ба бор хоҳад овард.
Судяи суди шаҳри Ваҳдат
Иброҳимзода Т.
Суди шаҳри Ваҳдат 