ВАҲДАТИ МИЛЛӢ НАТИҶАИ ХИРАДУ ЗАКОВАТ ВА ШУҶОАТУ МАРДОНАГИИ ПЕШВОИ МУААЗАМИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН АСТ.
“Барои расидан ба ин рӯзи саид халқи тоҷик ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад, таҳти парчами ваҳдату ҳамдигар фаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар бурда, сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Тавре, ки ҳамагон медонед, аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидан, дар Тоҷикистон низоъҳои дохилӣ сар зад ва ҳатто хатари парокандашавии давлати миллии мо ба вуҷуд омада буд.
Танҳо ба шарофати заҳмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қувваҳои мухталифи сиёсӣ ба ҳам оварда шуда, дар кишварамон сулҳу субот таъмин гардид ва хатари парокандашавии миллат пешгирӣ карда шуда, имконият ба вуҷуд омад, ки ба бунёди давлатдории навини худ оғоз бахшем.
Зикр кардан ба маврид аст, ки муяссар шудан ба сулҳу субот ва рӯи як миз овардани гурӯҳҳои ба ҳам зид ва ноил шудан ба Ваҳдати миллӣ кори саҳл набуда, иродаи матин ва ҷаҳду талоши зиёдро талаб мекард.
Бояд иброз намуд, ки мақомоти амнияти кишвар бо дарназардошти хатарнок будани сафари Сарвари давлат, ба шаҳри Кобул ва деҳаи Хусдеҳи вилояти Толиқони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон тасеа дода буданд, ки аз ин сафар худдорӣ кунанд. Вале Роҳбари давлат иброз намудаанд: ки “Ҷони худамро қурбон мекунаму аз роҳ намегардам, зеро халқи Тоҷикистон умедҳо доранд.”
Мо имрӯз ба хубӣ ёд дорем, ки ба хатари ҷонӣ нигоҳ накарда, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти басо мураккаби сиёсӣ ба шаҳри Кобул ва деҳаи Хусдеҳи вилояти Толиқони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон барои ба даст овардани сулҳи комил сафар намуд ва дар он ҷо 19 майи соли 1995 бо дарки хатари ҳалокатбори муқовимати низомию сиёсӣ ва масъулияти бузург дар назди ояндаи миллати тоҷик ба хотири ноил гардидан ба сулҳу субот изҳороти муштарак қабул гардид.
Дар маҷмӯъ барои ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва хомӯш сохтани ҷанги шаҳрвандӣ, бо ташаббус ва кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти олии сиёсии кишвар бо иттиҳоди мухолифин 21 маротиба музокира анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати муҳим ба имзо расид. Ин ҳама барои бастани Со- зишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, ки дастоварди нодиртарини халқи тоҷик мебошад, замина гузошт ва ҳоло таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, ба мактаби омӯзиш табдил ёфтааст.
Дар ин замина шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд иброз намудааст, ки “Ман имрӯз Роҳбари давлати Шуморо дидам, ки ҷон ба кафи даст зери тиру тӯп барои даъвати бародарони фирорӣ сулҳу ваҳдат омадааст. Роҳбаре, ки барои мардумаш ҷонашро дареғ намедорадқодир аст сулҳ оварад. Атрофи ӯ муттаҳид шуда ӯро гиромӣ доред. Бадбахтии миллати мо – афғонҳо дар ин солҳои ҷанг дар он аст, ки мо то ҳанӯз чунин роҳбари ғамхорро надоштаем”.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар таърихи миллати куҳанбунёдамон ҳуҷҷати муҳимми сиёсӣ ва воқеаи нодиру фараҳ- бахши ҳаётӣ маҳсуб ёфта, баҳри пойдории сулҳу суботи комил дар кишвари маҳбубамон заминаи воқеию ҳуқуқӣ гузошт ва дар як вақт барои мустаҳкам намудани андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа нақши босазо бозид.
Муҳим, он буд, ки 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида, шароити мусоид ва кафолати воқеиро барои ба Ватан баргаштани гурезаҳо ва муҳоҷирон ба миён овард.
Имрӯз ба таърихи начандон тӯлонии давлатдории навинамон назар андӯхта, исботи онро мебинем, ки пояи Ваҳдати миллӣ дар сарзамини ниё- гонамон устувору бегазанд буда, ин ҷавҳари муқаддас дар сиришти миллати фарҳангдӯсту сулҳпарвари тоҷик маъно ва асолати ватандӯстиро тарбия намуда, ба ташаккули олитарин таровишҳои вуҷуди инсонӣ ба мисли меҳру вафо ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ заминаи боэътимоду қавӣ гузошт.
Бо шукргузорӣ аз файзу баракати сулҳу суботи комил мо давлати нав ва ҷомеаи нави шаҳрвандӣ бунёд карда истодаем, ки бешубҳа дар ин низом, муносибатҳои ҷамъиятию сиёсӣ, шуур ва қобилияти фикронии инсон аҳа- мияти куллан навро пайдо намуда, сатҳи тафаккур, таҳаммулпазирӣ, худ- шиносӣ ва худогоҳии миллии ҷомеа торафт густариш меёбад.
Пойдории сулҳу субот ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии мамлакат мусоидат намуда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯз аз рӯз дар арсаи байналмилалӣ боло гардида, давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки ба ин арзиши муқаддас, яъне Ваҳдати миллӣ, ки намунаи ибратбахши ҷаҳониён мебошад, расем ва онро ҳамеша эмин нигоҳ дошта, барои тарбияи ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар кӯшиш намоем.
Раиси суди шаҳри Ваҳдат Зуҳурзода Д.Ш.
Суди шаҳри Ваҳдат 