СОЛИ ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ

СОЛИ ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ

       Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 соли 2024-умро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон доштанд. «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон гардидани соли 2024-ум барои ташаккули ҷаҳонбинии шаҳрвандон ва шинохти онҳо ҳамчун шахсияти комил, баҳри бунёди ҷомеаи мутамаддин ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ тадбири басо муҳиму саривақтӣ мебошад.

         Пешвои муаззами миллат мавриди ироаи паём аз авзои нооромии ҷаҳон ёдовар шуда истода, дар бораи ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати кишвар тақвият додани шароиту имконоти Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар, ки боиси таъмини амнияти давлату суботи ҷомеа мебошанд, таъкид намуданд. Зикр гардид, ки торафт мураккабу ташвишовар ва пешгӯинашаванда гардидани вазъи ҷаҳон, шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё аз ҷониби давлатҳои абарқудрат, яроқнокшавии бошитоб, торафт хатарноктар гардидани тамоюлҳои терроризму экстремизм, вусъат ёфтани қочоқи силоҳ ва ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ моро аз пештара бештар водор менамояд, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии давлату миллатамон тадбирҳои иловагию муассир андешем.

         Сардори давлат барои таъмини амнияти мудофиавии кишвар амалӣ намудани тадбирҳои зеринро зарур донистанд: муҳайё кардани беҳтарин шароитҳои зиндагӣ ва фаъолият барои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ: омода намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи мудофиа; такмил додани донишҳои тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъутомҳо; боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон.

         Президенти мамлакат ёдовар шудаанд, ки баҳри такмили иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ, ки дар таъмини амният ва суботи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ҳиссаи сазовор мегузоранд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар пайваста тадбирҳои судманд амалӣ шуда истода, ин раванд минбаъд низ идома хоҳад шуд.

         Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамаи роҳбарони зинаҳои мухталифи ин ниҳоди мудофиавии мамлакат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиддан тақозо намуданд, ки бояд ба риояи бечунучаро ва ҳатмии оинномаҳои ҳарбӣ, тартибу интизом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъи диҳанд.

         Соли 2024-ум 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ба ифтихори ин санаи бузург эълон гардидани «Соли маърифати ҳуқуқӣ» иқдоми мо шоистаест барои дар руҳияи қонунмандӣ тарбия намудани шаҳрвандони кишварамон. Шоистаи зикр аст, ки агар миллату давлатамон дар тӯли сӣ соли охир ба чӣ дастоварду комёбиҳое ноил шуда бошанд, он самараи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста мешавад. Сӣ сол муқаддам, яъне соли 1994, ки дар кишварамон ҷанги шаҳрвандӣ ҳукмфармо буду нооромӣ, қонуншиканӣ ва бесалоҳиятии гӯшношунидро ба бор оварда буд, бо қабули аввалин Конститутсияи кишвари соҳибистиқлоламон, бо таҳкими қонуният сулҳу субот ва пешрафти минбаъдаи мамлакатамон таъмин гардид.

         Набояд фаромӯш кард, ки риояи қонун аз оила ибтидо мегирад. Агар ҳар узви оила аз қонунҳои кишварамон баҳравар ва онҳоро масъулиятшиносона риоя намоянд, дигар мафҳуми қонуншиканӣ мавриди истифода қарор нахоҳад дошт. Сухани пурҳикмати Ситсерони бузургро бояд ҳар як фарди сайёра чун халқа ба гӯш дошта бошад, ки гуфта буд: «Агар хоҳӣ ки озод бошӣ, ғуломи қонун бош». Ғуломи қонун будан маънои пурра итоат намудан ба қонунро дорост. Ҳамеша тибқи қонун амал намудан инсонро аз ҳама гуна ҷазоҳо эмин медораду зиндагии хушбахтонаашро фароҳам меоварад.

         Итминони комил дорем, ки «Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон гардидани соли 2024-ум ба тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва таҳкими қонуният дар кишварамон мусоидат хоҳад намуд.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат

Абдуллозода Фарҳод.