САЗОИ БАДАХЛОҚӢ

САЗОИ  БАДАХЛОҚӢ

        Суди шаҳри Ваҳдат дар маҷлиси ошкорои судӣ парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро нисбати ҳуқуқвайронкунандагон, зодагони шаҳри Ваҳдат «А», соли таваллудаш 1991, маълумоташ миёна, оиладор соҳиби 3 фарзанд ва «Б», соли тааллудаш 1984, маълумоташ олӣ, соҳиби панҷ фарзанд, мавриди баррасӣ қарор дод.

         Номбаршудагон дар санаи 3 январи соли 2024, тахминан соати 14-00 дар назди манзили истиқоматии «Б» нисбати якдигар беэҳтиромӣ, кирдорҳои зӯроварӣ ва дашномҳои қабеҳ зоҳир намуда, шаъну шарафи якдигарро дар назди ҷомеа паст задаанд, ки ин амалҳояшон мухолиф ба талаботи моддаи 460-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

         Агарчӣ ҳуқуқвайронкунандагон «А» ва «Б» ба гуноҳҳои худ иқрор нашуда бошанд ҳам, гунаҳкории онҳо бо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тасдиқ гардид.

         Суд бо дастрасии моддаҳои 140-142 ва 148-150-и Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон «А» ва «Б» -ро бо моддаи 460-и кодекси мазкур гунаҳгор дониста, ба онҳо ҷазои ҳабси маъмурӣ ба мӯҳлати панҷ шабонарӯз таъйин намуд.

         Гунаҳгорон ҷазоро дар боздоштгоҳи муваққатии ШВКД дар шаҳри Ваҳдат гузаронида шуда, шояд акнун хуб дарк намоянд, ки барои бадахлоқӣ ҳам ҷазо дода мешавад.

 

Иброҳим Ҳалимбекзода

Судяи суди шаҳри Ваҳдат