Санаи 23-юми феврали соли 2026 дар суди шаҳри Ваҳдат маҷлиси тантанавӣ бахшида ба таҷлили 33-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси суд Зуҳурзода Далер Шукурҷон, муовинон, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд доир гардид.

Вобаста ба ҷашни 33-юмин солгарди таъсисёбии рӯзи артиши миллӣ Раиси суди шаҳри Ваҳдат Зуҳурзода Далер Шукурҷон ҳамагонро табрик намуда, вобаста ба нақш ва аҳамияти артиши миллӣ маълумоти муфассал дод.
23-феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дустону бародарон ва ҳамватанони гиромиқадрро табрику таҳниятҳо менамоем. Хонаи ҳамаи мову Шумо ҳамеша обод бошад.
Аз таъсиси Артиши милли 33 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

Бори дигар ҳамватанони азиз! Ба муносибати фарорасии Рўзи таъсисёбии Артиши Миллии Тоҷикистон табрику таҳният мегўем.
Бо тарбикот муовини Раиси суд Ҳабибуллозода Х. баромад намуда, гуфтаҳои Раиси суд Зуҳурзода Далер Шукурҷонро тарафдорӣ намуда, ҳамаи кормандонро бо муносибати 33-юмин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.