ПОДОШИ АМАЛ

ПОДОШИ  АМАЛ

         Суди шаҳри Ваҳдат дар маҷлиси кушодаи худ парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд «А», соли таваллудаш 1998, муҷаррад, муваққатан бекор, мавриди баррасӣ қарор дод. Шаҳрванди мазкур соҳиби автомашинаи сабукрави тамғаи «Опел» буда, талаботи бандҳои 130 ва 131-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя накардааст.

         Вай дар ҳудуди деҳаи Баҳористони Ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев аз ӯҳдаи идора кардани мошин набаромада, онро дар қисмати чапи роҳ чаппа карда, дар натиҷа мусофири дохили мошин «Б» зарари ҷисмонӣ дида, дар беморхона бистарӣ шудааст.

         Номбурда дар содир намудани ҷиноят бо қисми 1, моддаи 212-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ҷарима ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар бо 6800 (шаш ҳазору ҳаштсад) сомонӣ, бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба мӯҳлати 1 сол таъйин карда шуд.

 

Муовини Раиси суд:

Асрорӣ Ифтихор