ОҚИБАТИ АЗОНИХУДКУНӢ ВА ИСРОФКОРӢ

ОҚИБАТИ АЗОНИХУДКУНӢ ВА ИСРОФКОРӢ

Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати судшавандаҳо «А», истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, зодаи шаҳри Ваҳдат, 16-уми декабри 1977 соли таваллудаш, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, оиладор соҳиби чор фарзанд, пеш суд нашуда дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 245 қисми 3 банди «а» ва моддаи 323 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Б» истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат 30-юми апрели 1963 соли таваллудаш, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи махсус, оиладор соҳиби ҳафт фарзанд, пеш суд нашуда дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 245 қисми 2 банди «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «В» истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, зодаи шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ миёнаи махсус, оиладор соҳиби ду фарзанд, пеш суд нашуда дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 245, қисми 2 , банди «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Г», истиқоматкунандаи ш.Ваҳдат, зодаи шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, оиладор соҳиби шаш фарзанд, пеш суд нашудааст дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 245, қисми 2 банди «г» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд.
Судшавандаҳо «А», «Б», «В» ва «Г» барои он гунаҳгор дониста шуданд, ки ба содир кардани ҷинояти азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва сохтакории хизматӣ даст задаанд.
Номбурдагон дар давраи фаъолияти кориашон бо истифодаи ваколати мансабдорӣ, бо мақсади азонихудкунӣ ва исрофкорӣ, тасарруф намудани маблағҳои давлатӣ, бо роҳи сохтакории хизматӣ дар давоми аз моҳи августи соли 2024 то моҳи августи соли 2025 зимни мустаҳкамсозии сарбандҳои шабакаҳои обёрӣ, тозакунӣ ва барқарорсозии наҳрҳову заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди шаҳри Ваҳдат бо роҳи сохтакорӣ дар санадҳои иҷроиши корҳо меъёр, вақти истифодаи мошину механизмҳо ва сарфи вақти коргаронро ба маблағи умумии 178363,43 (яксаду ҳафтоду ҳашт ҳазору сесаду шасту се) сомонӣ 43 дирам зиёд нишон дода бо истифода аз мақоми хизматӣ маблағи барзиёд нишон додашудаи дар ихтиёрашон қарор доштаро мунтазам қисм ба қисм, бо роҳи азонихудкунӣ ва исрофкорӣ тасарруф намуда, ин маблағҳоро ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф намудаанд.
Номбурдагон аз буҷети давлат азони худ ва исрофкорӣ намудани ин кирдорҳои қасдонаи худ ба буҷети давлат зарари моддӣ расонидаанд, ки ҳолати ҷойдошта аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва ошкор карда шуда, нисбати судшавандаҳо «А», «Б», «В» ва «Г» парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар рафти тафтишоти пешакӣ судшавандаҳо ихтиёран маблағҳои зарари бо роҳи ҷиноят ба давлат расонидашудаи худро ба миқдори 178363,43 (яксаду ҳафтоду ҳашт ҳазору сесаду шасту се) сомонӣ 43 дирам ба идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳри Ваҳдат барқарор намудаанд.
Дар рафти мурофиаи судӣ судшавандаҳо худашонро дар содир намудани ҷинояти зикршуда пурра гунаҳгор шуморидаанд, аз кирдори содирнамудаашон сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуданд, ки нисбаташон ҷазои сабук таъин карда шавад.
Ҷабрдида-намояндаи қонунӣ ва шахси ваколатдори давлатӣ «Д» дар мурофиаи судӣ изҳор дошт, ки зарари аз тарафи судшавандаҳо расонидашуда барқарор гардида, инчунин аз тарафи онҳо нисбати судшавандагон ягон даъво надоранд. Аз суд хоҳиш кард, ки нисбати судшавандаҳо дар доираи қонун ҷазои сабук таъин карда шавад.
Суд ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда, нишондоди судшавандаҳо «А», «Б», «В» ва «Г» инунин ҷабрдида, шоҳидон ва дигар паҳлуҳои парвандаи ҷиноятиро ба эътибор гирифта, судшавандаҳо «А», «Б», «В» ва «Г»-ро бо моддаи 245 қисми 2 банди «г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо ин модда ба онҳо ҷазои сазовор таъин намуд.

Судяи суди шаҳри Ваҳдат
Фаридуни Раҳматшо