Нақши Президент дар ташаккули ҳокимияти судӣ

Нақши Президент дар ташаккули ҳокимияти судӣ

Яке аз рукнҳои асосии ҳокимияти давлатӣ ва пояи бунёдии давлати ҳуқуқбунёд ҳокимияти судӣ ба шумор рафта, адолати иҷтимоиро таъмин ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин манфиатҳои давлат ва ҷомеаро хифз менамоянд. Ҳокимияти суди дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ислоҳоти амиқи ҳуқуқию сохтори ва дар асоси меъерҳои Конститутсия рушд менамояд. Дар мамлакати мо пас аз истиқлолияти давлатӣ баҳри беҳтар намудани сифати фаъолияти судҳо боло бурдани сатҳи ҳифзи ҳуқуқи инсон тақвими қонуният ва таъмини адолати иҷтимои зарурати ислоҳи суди ба миён омад.
Қобили зикр аст ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар рушди низоми ҳуқуқӣ аз ҷумла ҳокимияти судӣ оғозбахши марҳилаи сифатан нав гардид. Тартиби ташкил ва таҷзияи ҳокимияти давлатӣ бори нахуст дар моддаи 9-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода ёфт ки мувофиқи он ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор иҷроия ва судӣ амали карда мешавад.
Муқаррароти мазкур дар асоси принсипи боздори ва мувозинат мустақилона бидуни дахолат ба фаъолияти ҳамдигар ташакул ёфта барои ба нафъи ҷомеаи Тоҷикистон хизмат намудани шохаҳои ҳокимияти давлатӣ имконият фароҳам овард.
Моҳияти ҳокимияти судӣ ва мақсаду вазифаҳои онро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарар намуда чунин меъёрро пешбини кардааст. Ҳокимияти судӣ мустақил буда аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳуқуқ озодии инсону шаҳрванд манфиати давлат ташкилоту муассисаҳо ва қонунияту адолатро ҳифз менамояд. Яъне судяҳо танҳо ба қонун итоат карда мустақилона адолати судиро ба амал татбик карда фаъолияти худро аз номи давлат амалӣ менамояд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали зимоми давлатдориро ба зимма гирифтанашон баҳри таҳким бахшидани фаъолияти ҳокимияти судӣ таваҷҷуҳи зиёд доштанд.
Бояд гуфт ки то замони қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат танҳо судҳои умумӣ амал мекарданд. Баъдан бо ислоҳи судӣ ва қабул гардидани қонунҳои марбут ба фаъолияти судҳо ниҳодҳои зерин таъсис дода шудаанд барои назорати риояи Конститутсия ва мувофиқати қонунҳо ба он суди констититутсиони хамчунин судҳои ҳарбӣ таъсис дода шудаанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои такмил ва таҳкими ҳокимияти судӣ пайваста иқдомҳои некро амалӣ менамояд. Бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои миллат соли 1995 якчанд қонунҳои Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби ташкил ва фаъолияти мақомоти судиро ба танзим медароранд аз ҷумла қонунҳои конститутсиони «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои иқтисодӣ», «Дар бораи судҳои харбӣ», «Дар бораи мақоми судяҳо», «Дар бораи сохтори судҳо» қабул гардидаанд. Ҳамчунин ба мақсади танзими фаъолияти баробари мақомоти судӣ ин қонунҳо такмил дода шуда 6 августи соли 2001 дар як қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муттаҳид карда шуда қонунҳои конститутсионии дар боло зикр гардида аз эътибор соқит дониста шудаанд.
Ҳадаф аз таъсиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо ташаббуси бевоситаи Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандози гардид, таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини мустақилияти судҳо буда татбиқи амали сиёсати давлат оид ба ҳокимияти судӣ ба шумор рафта дар такмили низоми судиву ҳуқуқӣ интихобу пешбари номзадҳои арзанда ба вазифаи судя ҳамзамон баланд бардоштани нақш ва мавқеи ҳокимияти судӣ ва ғайра мусоидати комил намуд. Ин дигаркуниҳои кулли маҳз ба хотири идома бахшидан ба ислоҳоти ҳуқуқӣ ва таъмини мустақили ҳокимият судӣ равон гардида ба талаботи давру замон мувофиқ мебошад – вобаста ба ислоҳоти зикршукда изҳор дошта будаанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Баҳри пойдории адолат танзими баҳсҳо ва ҳифзи ҳуқуқӣ шахси ва ҷамъияти судҳо танҳо бояд ба Конститутсия ва қонунҳо такя намоянд. Дар баробари ҳаллу фасли баҳсҳо кормандони мақомоти судӣ баҳри барқарори ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон талош менамоянд. Аз ин рӯ бе мавҷудияти низоми одилонаю самараноки судӣ пойдории зиндагии орому фазои ҳуқуқи имконпазир аст.
Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамият, нақш ва мавқеи ҳокимияти судиро дар тартиботи қонуният тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои ба назар гирифта баҳри қабули як қатор санадҳои ҳуқуқие ки фаъолияти мақомоти судиро тақвият мебахшанд мусоидат намуданд. Таъсис гардидани Маркази таълимии судяҳо соли 2003 дар тайёр намудани мутахассисони сатҳи баланд омузиши касби ва такмили ихтисоси судяҳо ҳиссаи арзанда дорад. Бо назардошти дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2006 аввалин бор «Барномаи ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010» таҳия ва қабул гардид. Дар таҳрири нав қабул шудани Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ ва ба салоҳияти судҳо вогузор карда шудан қисми зиёди ваколатҳои амрдиҳи доир ба пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ аз ҷумла интихоби чораи пешгири дар намуди ҳабс гирифтан, гумонбаршудаву айбдоршавандаҳо зимни татбиқи барномаи мазкур амали шудаанд. Бо мақсади идома бахшидан бо ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ дар мамлакат дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ боз дигар барномаҳои ислоҳоти судӣ- ҳуқуқӣ қабул гардиданд. Зиёд карда шудани воҳидхои кории судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо дар судҳои ВМКБ, вилоятҳо, суди шаҳри Душанбе ва дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидани колегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурию оилавӣ таъсис дода шудани вазифаҳои коромӯз – судя ва бемаротиб зиёд гардидани музди меҳнати судяҳо далели таваҷҷуҳ ба ғамхории зиёди Президенти кишвар ба мақомоти судӣ мебошад.
Дар чанде аз шаҳру навоҳии кишварамон биноҳои судҳо ба тарҳи замонавӣ бунёд ва ба истифода дода шудаанд. Бинои нави Суди Олии Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе моҳи декабри соли 2024 бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардид, ки дар он тамоми шароитҳои корӣ мавҷуд мебошад.
Хулоса Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳокимияти судӣ саҳми арзанда дошта айни ҳол ҳокимияти судӣ мустақилу беғараз фаъолият карда истода дар ҳифзи ҳуқуқи озодиҳои инсон ва шаҳрванд, қонуният ва адолати иҷтимои нақши ҳалкунанда дорад.

Раиси суди шаҳри Ваҳдат Зуҳурзода Д.Ш