МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ
Санаи 19-уми августи соли 2025 судяи суди шаҳри Ваҳдат Икромзода Ҷумахон Алихон дар Ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Тиллои сафед вобаста ба парвандаи оилавӣ аз рӯи даъвои Бобохонов Идибек Қаландарович бо ҷавобгарии Шарифов Амрулло Боевич дар бораи бартараф кардани монеагӣ мурофиаи сайёри судӣ гузаронид.
Дар рафти мурофиаи судӣ тибқи Нақшаи кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи кории дохилиидоравии суди шаҳри Ваҳдат ба сокинони Ҷамоати деҳоти Гулистон, деҳаи Тиллои сафед корҳои фаҳмондадиҳӣ вобаста ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи кӯдак» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросим» гузаронида шуд.
Суди шаҳри Ваҳдат 
