МАҶЛИСИ САЙЁРИ СУДӢ

Дар санаи 13-уми апрели соли 2026 судяи суди шаҳри Ваҳдат Ҳусензода Хусрав Ҳусен дар Ҷамоати деҳоти Ромити шаҳри Ваҳдат, деҳаи Вистан вобаста ба парвандаи маданӣ бо шаҳрвандон вохӯрӣ ва мулоқот баргузор намуда, маҷлиси сайёри судӣ гузаронид.
Сараввал судяи суди шаҳри Ваҳдат Ҳусензода Хусрав Ҳусен вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16-уми декабри соли 2025 баргузор гардид суханронӣ намуда иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 соли 2026-умро “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон доштанд. “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, эълон гардидани соли 2026-ум ин бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ, инчунин ифтихор аз истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.

Ҳадаф аз вохӯрии мазкур ин ҷалби шаҳрвандон ба омӯзиш ва донистани қонунҳои амалкунандаи кишвар ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо мебошад. Баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии мардуми кишвар ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Расидан ба ин ҳадаф, яъне рафъи камбизоатӣ ва беҳдошти некӯаҳволии мардум, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ки ҳадафи олии давлат мебошад, барои дар сатҳи ҳукуматӣ таҳия ва қабул шудани барномаҳои давлатӣ дар паёми мазкур зикр гардид.
Дар идомаи вохӯрӣ судяи суди шаҳри Ваҳдат Ҳусензода Хусрав Ҳусейн дар самти риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну марсимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, мазмуну муҳтавои қонунҳоро, ки дар таҳрири нав қабул гардидаанд, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Ба ғайр аз ин дар фарҷоми вохурӣ ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас доданд.