ИШТИРОКИ ФАЪОЛОНАИ КОРМАНДОНИ СУДИ ШАҲРИ ВАҲДАТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ

Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Ваҳдат бо мақсади дастгирии сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Оид ба оммавигардонии варзиш ва тарзи ҳаёти солим» санаи 19 майи соли 2019 дар мусобиқаи кушодаи дави миллӣ, ки дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки васеи

 

кормандони ташкилоту муасисаҳо ва сокинони шаҳри Ваҳдат гузаронида шуд, иштироки фаъолона варзида, сазовори ҷойи арзанда гардиданд.

Боиси зикр аст, ки дар санаи мазкур корманди дастгоҳи суди шаҳри Ваҳдат Маҳмадризозода Садриддин дар мусобиқаи дави миллӣ аз руи давидан дар масофаи 3000 (се ҳазор) метр дар байни коргарони ташкилоту муасисаҳо сазовори ҷойи аввал гардида, бо диплом ва медали ҷашнӣ сарфароз гардонида шуд.