ХАЙРИЯ

             Суди шаҳри Ваҳдат дар санаи 20 майи соли 2019 бо ташабуси Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон аз ҳисоби пасандозҳои судяҳои суди шаҳри Ваҳдат ба оилаи камбизоат сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқ, кучаи Саричашма Таваров Гургали Мусофирович 23 январи соли 1983 таваллудаш, маводҳои хурока аз қабили орд, равған, чой, шакар, макарон, собун ва биринҷ ҳамчун кумаки хайриявии якдаъфаина ба маблағи 300 (сесад) сомонӣ расонида шуд.