ДАСТУРИ ФАЪОЛИЯТ

ДАСТУРИ  ФАЪОЛИЯТ

 

         Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 28 декабри соли 2023 ироа гардид, дар он чандин масъалаҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла омилҳои муҳими рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, ҳадаф ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ва амсоли инҳо зикр гардидаанд.

         Зимни ироаи паёмашон Сардори давлат соли 2024-умро «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон доштанд. Ҳадаф аз пешниҳоди мазкур ҷалби шаҳрвандон ба омӯзиш ва донистани қонунҳои амалкунандаи кишвар ва бо ин васила баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии онҳо ва пешгирии содиршавии ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятҳо мебошад.

         Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидааст, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати ягона, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад». Яъне, тибқи ин ҳуҷҷати асосии ҳуқуқӣ, қонуни асосии кишварамон, мо бунёди давлати ягона, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро ихтиёр намудаем. Магар бе донистани қонунҳои ҷории кишвар ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд муяссар шуда метавонем? Ҳаргиз не!

         Новобаста аз он, ки шаҳрванд ба кадом касбу кор шуғл дорад, бояд ӯ соҳиби маърифати баланди ҳуқуқӣ бошад. Маърифати баланди ҳуқуқӣ барои ба пешрафти соҳа ва касбу кор саҳм гузоштан мусоидати комил менамояд. Яъне, рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар аз низоми устувори ҳуқуқӣ ва маърифати баланди шаҳрвандон вобастагии калон дорад.

         Баланд бардоштани дараҷаи зиндагонии мардуми кишвар ва дар ин замина паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Расидан ба ин ҳадаф, яъне рафъи камбизоатӣ ва беҳдошти некӯаҳволии мардум, таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва бунёди ҷомеаи адолатпарвар, ки ҳадафи олии давлат мебошад, барои дар сатҳи ҳукуматӣ таҳия ва қабул шудани барномаҳои давлатӣ дар паёми мазкур зикр гардид.

         Баҳри баланд бардоштани соҳаи иқтисодии кишвар дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва соҳибкорон махсус таъкид гардид. Қайд шуд, ки шумораи субйектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид, ки натиҷаи тадбирҳои амалигардидаи Ҳукумати кишварамон дониста мешавад. Барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ вазифадор гардиданд, ки монеаҳои маъмуриву сунъиро бартараф ва ташаббусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд.

         Дар паёми хеш Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки кишварамон манбаи фаровони захираҳои гидроэнергетикӣ мебошаду барои истеҳсоли «энергияи сабз» ва содироти он имкониятҳои бузург дорад.

         Хотирасон шуд, ки барои дар соли 2025 ба кор даромадани агрегати сеюми неругоҳи барқии обии «Роғун» дар соли 2023 аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 5 миллиард сомонӣ равона гардид. Айни замон дар ин иншооти бузург корҳо бомаром ҷараён доранд. Бо амалисозии тадбирҳои зикршуда соли 2032 истеҳсоли барқ дар кишвар пурра аз ҳисоби манбаъҳои барқароршаванда, яъне 100 фоиз бо «энергияи сабз» таъмин шуда, дар роҳи истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои устувор гузошта мешаванд.

         Бояд ёдовар шуд, ки тавассути сиёсати бунёдкоронаву созандаи Пешвои миллат дар кишварамон ҳазорон километр роҳҳои байналмилалӣ бунёд ва боиси аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳои ёфтану бо ҷаҳони муосир пайвастани он гардид. Бунёди корхонаҳои хурду бузурги саноатӣ, фароҳам овардани ҷойҳои зиёди корӣ омилҳои муҳими беҳтар гардидани шароити зиндагии ҳамватанонамон шуданд.

         Бо иқдоми созандаи Пешвои миллатамон солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» эълон шуда, баҳри татбиқи он то имрӯз дар саросари кишварамон корхонаҳои зиёди саноатӣ бунёду мавриди истифода қарор дода шудаанд. Саноаткунонии мамлакат омили аз ҳама муҳими рушди бесобиқаи иқтисодиёт ва некӯаҳволии сокинони мамлакатамон мебошад.

         Муҳимтар аз ҳама, имрӯз дар саросари кишварамон сулҳу субот ва осоиштагӣ ҳукмрон аст, ки барои пешрафти тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакатамон мусоидат менамояд.

         Пешвои миллат дар ҳамаи паёмҳои хеш ба масъалаи доғи рӯзи сайёра-торафт доман паҳн кардани хатарҳои экстремистиву террористӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Ҳамчунин, ин сиёсатмадори варзида бо ҳисси дилсӯзӣ ба ҳаёти халқу миллатҳое, ки дар гирдоби ҷангу хунрезианд, андешаҳои инсондӯстонаи худро баён дошта, барои ҳарчи зудтар хотима бахшидан ба нооромиҳо таклифҳои судманд пешниҳод менамоянд.

         Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандиамон моро ҳушдор медиҳад, ки ба қадри сулҳу суботи воқеии кишварамон бирасем ва баҳри пойдории ҳамешагиаш аз ҷону дил кӯшиш ба харҷ диҳем. Дар ҳеҷ сурат ба таблиғоти гурӯҳҳои ҷангҷӯю иғвоангез, экстремистиву террористӣ ва баъзе аз ҳамватанони бенангу номусамон, ки ба манфиати хоҷагони хориҷиашон хизмат менамоянд, дода нашуда, баръакс, зидди ҳама гуна таблиғоте, ки оромиву осоиштагии халқу кишварамонро халалдор менамоянд, муқобилият нишон диҳем.

         Пӯшида нест, ки аксари фирефташудагон ва ба гурӯҳҳои зикршуда шомилшуда ҷавононанд, зеро ки нокифоягии таҷрибаи ҳаёти онҳоро ба ҳар гуна роҳи хато мебарад. Аз ин рӯ, насли калонсолони ҷомеаро мебояд, ки ҳамеша маслиҳатгару раҳнамои ҷавононамон бошанд.

         Набояд фаромӯш кунем, ки баҳри ҳифзи манфиатҳои давлату миллатамон талош намудан ояндаи боз ҳам дурахшон ва зиндагии аз ин ҳам беҳтарро бароямон муяссар хоҳад гардонд. Аз ин хотир, ҳар кадом аз шаҳрвандони мамлакатамонро мебояд, ки ҳисси худшиносиву худогоҳии миллиашонро баланд бардошта, дар роҳи ободиву пешрафти кишварамон сидқан саҳмгузорӣ намоянд.

         Омӯзиши амиқ ва татбиқи нуқтаҳои Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро барномаи амали давлату миллат низ ном мебаранд, бояд сармашқи фаъолияти ҳамарӯзаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бошад.

 

Раиси суди шаҳри Ваҳдат:

Камолзода С.И.