БАРОМАДИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ ВАҲДАТ БАХШИДА БА ИДИ МОДАРОН

       

 Дар санаи 06 марти соли 2020 дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Ваҳдат ба муносибати фарорасии Иди зебову фараҳбахш рӯзи модарон ҷамъомад бо иштироки Раиси суд, судяҳо, кормандони масъули дастгоҳи суд ва иштироки мудири Бахши кор бо занон ва оилаи назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Қодирзода З.Қ. шуда гузашт.

Дар ҷамъомад Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон баромад намуда бонувони судро бо Иди модарон табрику муборакбод намуда қайд кард, ки зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно ва бо хосориву меҳрубониаш марҳами дили дармандон аст. Ин аст, ки модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар соҳаҳои муҳими иҷтимоиву маорифу тандурустӣ, ҳамеша сарбаландона ба ҷой оварда сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа мегарданд.

 

Иди модарон ҳамхӯру тавъам бо фасли баҳорон буда, чеҳраҳои сарзамину замон, шукуфтани гулу лола, ёсуману райҳон, нағмаву ивғони хушилҳом, навои дилнавозӣ обшорон, резиши борони баҳорон, муждаҳои беғаши кӯдакон, табассумҳои ширини гулдухтарон гӯё ҳам пайку навид ва сари таъзим ба модар аст ва армуғони шодӣ ба меҳан Замон меоранд.

Бо самимияти бепоён ва орзуҳои беҳтаринро ба муносибати рӯзи Модарон ва бонувон 8 март таҳким бахшид.

Инчунин Мудири Бахши кор бо занони назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат Қодирзода З.Қ. аз фурсати номуносиб истифода бурда бахшида ба рӯзи Иди модарон ва хизматҳои арзанда ва фаъолияти пурсамар, аз номи Раиси шаҳри Ваҳдат Амирзода Раҳмоналӣ ба судяи суди шаҳри Ваҳдат Тоирзода Ғунчагул Тоир ифтихорномаи Раиси шаҳрро тақдим намуд.