ҲАР ҶИНОЯТЕРО ҶАЗОЕСТ

ҲАР ҶИНОЯТЕРО ҶАЗОЕСТ

Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд «А», истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, зодаи шаҳри Ваҳдат, 30-юми августи 1946 соли таваллудаш, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёна, оиладор соҳиби ҳашт фарзанд, нафақахӯр, маъюби гуруҳи якум, қаблан суд нашудааст дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 240 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд.
Судшаванда «А» ба корҳои муфиди ҷамъиятӣ машғул нашуда, қаблан нисбати ӯ аз тарафи кормандони ШММЗҶМ РМЗҶМ ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳуриии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шудааст. Дар асоси қарори суди шаҳри Ваҳдат номбурда бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо ин модда ҷазои ҷарима таъин карда шудааст. Судшаванда аз ин ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, новобаста аз таъини ҷазои маъмурӣ амалҳои худро идома дода, бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ машғул шудааст, ки санаи 15-уми январи соли 2025 ҳангоми дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Фириштӣ қарор доштанаш аз зудбоварӣ ва гумроҳии шаҳрвандон истифода намуда, бо воситаи ришта ва дигар ашёҳо ба сеҳру ҷоду машғул шуда, аз шаҳрванд «Б» сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев, деҳаи Гулрез барои гармӣ кардан ва кушоиши кор маблағи 100 (сад) сомонӣ гирифтааст.
Ӯ боз 21-уми июни соли 2025 дар манзили истиқоматии худ воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Фириштӣ шаҳрванд «В»-ро қабул намуда, барои гармӣ намудани маъшуқааш аз охирин маблағи 200 (дусад) сомонӣ гирифтааст.
Судшаванда «А» дар маҷлиси судӣ худро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 240 иловаи 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра гунаҳгор шуморида, ба гуноҳаш иқрор мебошад ва аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.
Суд ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда, нишондоди судшаванда «А», ҷабрдидаҳо ва дигар паҳлуҳои парвандаи ҷиноятиро ба эътибор гирифта, судшаванда «А»-ро бо моддаи 240 иловаи 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо ин модда ба ӯ ҷазои сазовор таъин намуд.

Муовини Раиси суди
шаҳри Ваҳдат И.Қ. Асрорӣ.