ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН

Суди шаҳри Вахдат бобати таъмини супоришу вазифаҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 2010 дар хусуси аз тарафи роҳбарияти мақомотҳои давлатӣ қабул намудани шаҳрвандон дар рӯзҳои шанбе ва ҷиҳати риояи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», аз ҷониби Роҳбарияти суди шаҳри Вахдат санаи 11 майи соли 2019 (рӯзи шанбе) дар маҷмӯъ 7 (хафт) нафар шаҳрвандон қабул гардида, доир ба шикояту муроҷиатҳояшон чораҳои дахлдор андешида шуд.