ТАШАББУСКОРИ ОБОДИҲО

ТАШАББУСКОРИ  ОБОДИҲО

         Имрӯзҳо дар саросари кишварамон ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкориву созандагиҳо ҷараён доранд. Ба нақшаи ободониҳои шаҳрамон ба ифтихори ин санаи бузурги таърихӣ 808 иншооти таъйиноти гуногун ворид гардида, то ҳол зиёда аз 500-тои онҳо бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтаанд. Ҳар шаҳрванди кишвар, ки дар вуҷудаш ҳисси баланди ифтихор аз соҳибистиқлолӣ ҷӯш мезанад, барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ин сана талош меварзад.

         Яке аз ин ҷавонмардони ватандӯст Раиси суди шаҳр Далер Зуҳурзода мебошад. Инак, бо ибтикори ӯ бинои суди шаҳр хушсифат таъмир ёфт. Бояд ёдовар шуд, ки он солҳои 50-уми асри гузашта бунёд шудааст. бо гузашти вақт бино бениҳоят кӯҳнаву фарсуда гардида, кайҳо боз ба таъмир эҳтиёҷ дошт. Ҳуҷраҳои корию толори маҷлисҳои судӣ ба талабот ҷавобгӯ набуданд. То имрӯз ин бино ягон маротиба рӯйи таъмири пурраро надида буд. Бо талошу заҳматҳои роҳбари нав ҳуҷраҳои судяҳо ва дигар кормандон, долони бино, толори маҷлисгоҳи судӣ хушсифат таъмир ёфтанд. Қисмати берунии бино низ намои замонавӣ гирифт ва бо шиору овезаҳо оро ёфт.

         Бо роҳнамоии раиси суд қабули шаҳрвандон дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, муроҷиаткунандагон аз муомилаи хуби кормандони ин ҷой сухан ба забон меоранд. Ҳамчунин, вобаста ба ободонии ҳарчи зудтари бино Далер Зуҳурзода ташаббускори баргузории ободонӣ миёни кормандони муасиса гардид ва имрӯз пешгоҳи бинои суд ба гулзори ҳақиқӣ табдил ёфт.