ДУЗДӢ ЧИ ОҚИБАТҲО ДОРАД

ДУЗДӢ ЧИ ОҚИБАТҲО ДОРАД

       Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати судшавандаи ноболиғ «А», истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, зодаи Федератсияи Россия, 16-уми марти 2009 соли таваллудаш, миллаташ тоҷик, маълумоташ миёнаи нопурра, муҷаррад, муваққатан бекор, пеш суд нашуда дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 244 қисми 2 банди «в» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишударо баррасӣ намуд.

         Судшавандаи ноболиғ  «А» барои он гунаҳгор дониста шудаст, ки санаи 20 ба 21-уми январи соли 2025 тахминан соатҳои 10:00 дақиқа дар манзилашон, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Баҳор, деҳаи Мачитон, аз набудани одамон ва шахсони ғайр истифода бурда, ба худ нақшаи пешакӣ таҳрезишудаи содир намудани ҷинояти дуздиро таҳия намудааст. Ҳамин тариқ бо мақсади тасарруфи ниҳонии молу мулк ба манзили бибияш «Б» 09 июли 1960 соли таваллудаш, сокини ҳамон ҷой бо тариқи пинҳонӣ, бо роҳи кушодани дари ҳуҷраи истиқоматӣ ворид шуда, аз дохили курпаҳои болои ҳамгузошта маблағи 10 000 (даҳ ҳазор) сомониро ба тариқи пинҳонӣ тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

         Пас аз содир намудани дуздӣ, судшавандаи ноболиғ «А» аз маблағи тасарруфшуда, аз бозори марказии шаҳри Ваҳдат як адад телефони мобилии тамғаи «Tecno» ба маблаги 1700 сомонӣ харидорӣ намуда, боқимондаи маблағро ба эҳтиёҷоти шахсии худ сарф кардааст. Дар натиҷаи содир намудани ин амали ҷиноятӣ, ба ҷабрдида «Б» зарари ҷиддӣ ба маблағи умумии 10 000 (даҳ ҳазор) сомонӣ расонидааст.

         Ҳангоми таҳияи маводҳои аввалияи санҷишӣ, аз ноболиғ «А» як адад телефони мобилии тамғаи «Tecno», ҳамчун далели шайъи мусодира гардида,ҳуҷҷатгузорӣ карда гирифта шудааст.   

         Дар рафти мурофиаи судӣ судшавандаҳои ноболиғ «А»  худашро дар содир намудани ҷинояти зикршуда пурра гунаҳгор шуморида, аз кирдори содирнамудааш сидқан пушаймон буда, аз суд хоҳиш намуд, ки нисбаташ ҷазои сабук таъин карда шавад.

         Ҷабрдида «Б» дар мурофиаи судӣ  изҳор дошт, ки зарари аз тарафи судшаванди ноболиғ ба ӯ расонидашуда барқарор гардида, инчунин ӯ нисбати судшавандаи ноболиғ ягон даъво надорад. Аз суд хоҳиш кард, ки нисбати судшавандаи ноболиғ дар доираи қонун ҷазои сабук таъин карда шавад.

         Суд ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда, нишондоди судшавандаи ноболиғ «А»,  ҷабрдида, шоҳидон ва дигар паҳлуҳои парвандаи ҷиноятиро ба эътибор гирифта, судшаванда «А»-ро бо моддаи 244 қисми 2 банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо ин модда ба ӯ ҷазои сазовор таъин намуд.

 

Муовини якуми Раиси суди

шаҳри Ваҳдат Ҳабибуллозода Х.