М А Ш Қ И П А Г О Ҳ И Р Ӯ З Ӣ

                          М А Ш Қ И    П А Г О Ҳ И Р Ӯ З Ӣ

Дар санаи 2-юми августи соли 2025 ҷиҳати таъмини иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳоди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат, вобаста ба баргузории чорабиниҳои оммавӣ, варзишӣ, солимгардонӣ, машқҳои пагоҳирӯзӣ ва терренкур-роҳгардии саломатӣ, ки таҳти унвонии «Миллати ҷисман солим-руҳан низ муқтадир ва шикастнопазир аст» аз тарафи роҳбарият, судяҳо ва тамоми кормандони суди шаҳри Ваҳдат дар саҳни ҳавлини «Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» дар шаҳри Ваҳдат машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида шуд.