ХУДКАРДАРО ДАВО НЕСТ
«Зи касби даст беҳтар ҳосиле нест»,- мегӯянд дар урфият. Оре, чуни аст. Меҳнати ҳалол ба инсон ҳам обрӯ меораду ҳам ба саодати зиндагӣ мерасонад. Дар ҷомеа зиёданд шахсоне, ки рӯзгори хешро бо самари касбу пешаи писандида ба роҳ монда, ҳаёти хушу хуррам доранд. Акси он, баъзан бо ашхосе низ рӯ ба рӯ меоем, ки бо роҳи фиребу найранг соҳиби пулу мол шудан мехоҳанд.
Чанде пеш суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд «А» баррасӣ кард. Ҳангоми тафтишот суд муайян намуд, ки «А» охирҳои моҳи январи соли 2024 ба боварии шаҳрванд «Б» даромада, бо нияти соҳиби даромади муфт шудан ба ӯ расонидани «хизмати хайрхоҳона»-ро пешниҳод мекунад. Бар ивази 50 ҳазор сомонӣ барои аз қисми ҳарбии маркази Вилояти Мухтори Кӯҳситони Бадахшон-Хорӯғ ба шаҳри Душанбе гузаронидани бародараш ва минбаъд дар давоми се моҳ ҳамчун «бемор» аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон озод намудани ӯ ёрӣ мерасонад.
Шаҳрванд «А» охирҳои моҳи феврали соли 2024 маротибаи дигар бо «Б» вохӯрда, ӯро бовар кунондааст, ки бо 15 ҳазор сомонӣ ҳуҷҷатҳои замини наздиҳавлигиашро ба расмият медарорад. Вай маблағи мазкурро бо роҳи фиреб тасарруф намуда , ба манфиати шахсиаш харҷ карда, амалан ҳеҷ кореро анҷом надодааст. Ва, ахиран ин қаллоби гузаро ба даст афтода, барои кирдорҳои ношоистааш назди қонун ҷавоб мегӯяд. Тибқи талаботи қисми 1-и моддаи 46-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо чораи маҷбуркунии давлатие, ки мебошад, ки бо ҳукми суд таъин карда мешавад. Мувофиқи қисми 2-и ҳамин модда ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, ичунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав татбиқ мегардад.
Тавре маълум аст, ҳеҷ ҷинояткор бе ҷазо намемонад. Суд шаҳрванд «А»-ро бо моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ бо ҳамин модда ҷазо таъин намуд. Бошад, ки ин рафтори ношоистаи «А» ба дигарон дарси ибрат гардаду пеш аз анҷоми амале оқибаташро хуб андеша кунанд. Зеро «Худкардаро даво нест».
Судяи суди шаҳри Ваҳдат
Қурбонзода Ш.Ш.
Суди шаҳри Ваҳдат 
