ТАБРИКОТ

ТАБРИКОТ

Вобаста ба ҷашни 32-юмин солгарди таъсисёбии рӯзи артиши миллӣ Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон ҳамагонро табрик намуда, вобаста ба нақш ва аҳамияти артиши миллӣ маълумоти муфассал дод.

23-феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дустону бародарон ва ҳамватанони гиромикадрро табрику таҳниятҳо менамоем. Хонаи ҳамаи мову Шумо ҳамеша обод бошад.
Аз таъсиси Артиши милли 32 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

Мо хуб дарк менамоем, ки пойдории сулҳу субот, дахлнопазирии марзу буми кишвари соҳибистиқлоламон, ҳаёти орому осудаи сокинони сарзамини  аҷдодиамон, маҳз бо талошҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳнати софдилонаю содиқонаи сарбозону афсарони шуҷои Ватан сарчашма гирифтааст.

Бори дигар ҳамватанони азиз! Ба муносибати фарорасии Рўзи таъсисёбии Артиши Миллии Тоҷикистон табрику таҳният мегўем.

Бо тарбикот  муовини Раиси суд Ҳабибуллозода Х. баромад намуда, гуфтаҳои Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмонро тарафдорӣ намуда, ҳамаи кормандонро бо муносибати 32-юмин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуд.