БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

Конститутсия поягузори истиқлоли давлатии миллати тоҷик, давлату давлатдории навин, таъминкунандаи асосҳои низомӣ, сиёсиву ҳуқуқии кишвар ва муайянкунандаи самтҳои асосии таҳкиму пешрафти ҷомеа мебошад.
Конститутсия тавонист ифодакунандаи манфиатҳои халқи тоҷик бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муарифӣ созад. Конститутсия барои сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати комил расидани тоҷикон нақши муҳим бозид. Ин ҳуҷҷати тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналхалқӣ дар шумори панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо номбар гардид.
Конститутсия ҳамчун санади меъёриву ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва арзиши олии миллат ҳисобида мешавад. Мувофиқи ин бахтнома ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро давлат эътироф ва ҳифз менамояд. Тибқи талаботи он ҳеҷ як мақомоти давлатӣ ва шахсони алоҳида, мансабдорони давлатӣ ҳақ надоранд ба ягон ваҷҳ ба қадру қимати инсон бирасанд.
Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳад. Бояд хотирнишон намуд, ки 33 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ин мавзуъ бахшида шудааст. Боиси ифтихор аст, ки Конститутсия сарнавишт ва роҳи ояндаи халқу давлатро барои ҳаёти бардавоми минбаъда ва неку ором роҳнамоӣ мекунад. Конститутсия бахтномаи миллат, санади муқаддас, кафолатгари адолат, роҳнамои зиндагиву фаъолияти инсон, шоҳсутун ва шиносномаи давлат, тақдирсоз ва таъминкунандаи сарнавишти миллати мо аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти қонунгузории давраи нави Тоҷикистони соҳибистиқлол ибтидо гузоштанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон бахтномаи худро муқаддас медонанд.
Мо бояд ба ҳамаи пешравиҳо шукрона намуда, ба риояи ҳар як нуқтаи қонуни сарнавиштсоз барои боз ҳам зебо гаштани Ватани азиз камари ҳиммат бандем. Риояи ҳатмии ҳар як нуқтаи қонун қарзи ҳатмии виҷдонии мост.
Муовини якуми Раиси суд Ҳабибуллозода Х.
Суди шаҳри Ваҳдат 
