ОҚИБАТИ ҚАЛЛОБӢ
Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд «А» баррасӣ намуда, муайян намуд, ки ӯ бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт, даст ба ҷинояти қаллобӣ, яъне тасарруфи молу мулки ғайр бо мақсади расонидани зарари махсусан калони моддӣ зада бо баҳонаи ривоҷ додани тиҷораташ ба боварии шаҳрванд «Б» даромада аз охирин дар фосилаи вақти аз 20 то 24 апрели соли 2023 маблағи 8000 доллари ИМА мутаносибан бо асъори миллӣ баробар ба ҳаштоду як ҳазор сомониро гирифта, як адад воситаи нақлиёти тамғаи «Opel astra G» рақами қайди давлатиаш 21-97 RM 01, ки ба он ягон ҳуҷҷати ҳуқуқи соҳибмулкӣнадорад ва ба шаҳрванд «В» таалуқ дорад, ба иҷора гирифта будааст ба ҳавлини ҷабрдида «Б» ҳамчун гарав гузошта, маблағҳои аз охирин бо роҳи фиреб гирифтаашро минбаъд ба манфиати шахсиаш сарф менамояд. Бо ин ҳаракати қасдонаи худ ба ҷабрдида ба маблағи умумии ҳаштоду як ҳазор сомонӣ зарари моддӣ ба миқдори калон расонидааст.
Такроран санаи 25-уми майи то 05-уми июли соли 2023 ба боварии ҷабрдида «Г» даромада се адад автомашинаҳои тамғаи «BMW», ба маблағи 297 000 сомонӣ, «TOYOTA CAMRY» ба маблағи 116000 сомонӣ ва «OPEL VECTRA»-ро ба маблағи 30000 сомонӣ бо ваъдаи пас ба фурӯш баровардан маблағи онҳоро баргардонида медиҳад, гирифта, онҳоро аз нархи харидори намудааш пастар фурӯхта, маблағҳои бадастомадаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки бо ин ҳаракати қаллобиаш ба ҷабрдида ҷамъ ба маблағи 443000 сомонӣ зарари моддӣ расонидааст.
Судшаванда «А» такроран дар фосилаи аз 25-уми майи то 05-уми июли соли 2023 ба боварии ҷабрдида даромада ду адад автомашинаи тамғаи «LECSUS RX 350», ба маблағи 165 000 сомонӣ ва як адад «TOYOTA CAMRY» ба маблағи 130000 сомонӣ бо ваъдаи пас ба фурӯш баровардан маблағи онҳоро баргардонида медиҳад, гирифта онҳоро аз нархи харидори пастар фурӯхта, як қисми маблағ 186 000 сомониро ба охирин дода, боқимонда маблағҳои ба дастомадаро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст, ки бо ин ҳаракати қаллобиаш ба ҷабрдида ҷамъ ба маблағи 312500 сомонӣ зарари модии махсусан калон расонидааст.
Судшаванда «А» такроран аввалҳои моҳи августи соли 2023 ба боварии ҷабрдида даромада тавассути мессенҷери иҷтимоӣ WhatsApp ба робита баромада бо баҳонаи аз сарҳади байни Ҷумҳурии Тоҷикистон Ӯзбекистон ворид намудани автомашинаҳо ва пардохт намудани боҷи гумрукӣ аз ӯ 32400 сомонӣ бо роҳи фиреб гирифтааст. Пас аз гузаштани як моҳ бо талаби боисрори ҷабрдида маблағи 10000 сомониро дода, боқимонда маблағи 22400 сомониро ба манфиати шахсиаш истифода намуда, бо кирдораш ба ҷабрдида зарари махсусан калон расонидааст.
Ҳолати ҷойдошта дар асоси аризаи ҷабрдидагон муайян карда шуда, нисбати судшаванда «А» бо банди «б» қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.
Дар рафти мурофиаи судӣ судшаванда «А» худро бо айби эълонгардида қисман гунаҳгор шуморидааст.
Суд ҳамаи ҳолатҳои мавҷуда, нишондоди судшаванда «А», ҷабрдидаҳо, шоҳидон ва дигар паҳлуҳои парвандаи ҷиноятиро ба эътибор гирифта, судшаванда «А»-ро бо моддаи 247 қисми 4, банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, бо ин модда ба ӯ ҷазои сазовор таъин намуд.
Судяи суди шаҳри Ваҳдат
Ҳусензода Х.Ҳ.