ҲАР ҶИНОЯТЕРО ҶАЗОЕСТ

ҲАР ҶИНОЯТЕРО ҶАЗОЕСТ

Суди шаҳри Ваҳдат парвандаи ҷиноятиро нисбати шаҳрванд «А» баррасӣ намуда, муайян намуд, ки ӯ 4 марти соли 2024, тахминан соатҳои 15-16, ҳангоми дар кошонаи ҳусни шаҳри Ваҳдат воқеъбуда қарор доштанаш, аз фурсати барояш мусоид истифода карда, телефони мобилии дар назди корӣ гузошташудаи мизоҷи кошона «Б»-ро тариқи пинҳонӣ тасарруф карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Бо ин амалаш ба шаҳрванд «Б» 9800 сомонӣ зарар расонидааст.

         Мувофиқи моддаи 60-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъйини ҷазо суд онро ба назар гирифт, ки ҷинояти содирнамудаи судшаванда «А» ба категорияҳои ҷиноятҳои вазнин мансуб мебошад.

         Суд ҳангоми таъйини ҷазо ҳолатҳои сабуккунанда, шахсияти судшаванда ва ҳолатҳои корро ба эътибор гирифта, шаҳрванд «А»-ро бо моддаи 244, қисми 2, банди «в»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ӯро бо ҳамин моддаи ба мӯҳлати д усол аз озодӣ маҳрум намуд.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат

Қурбонзода Ш.Ш.