Судяҳо ва кормандони дастгоҳи суди шаҳри Ваҳдат тибқи дастури Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 апрели соли 2026 таҳти №13966 (26.6) дар заминаи сиёсати ҷавонпарварона ва варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 таҳти №225 “Дар бораи Рӯзи дави миллӣ” 17-уми майи соли 2026 дар чорабинии оммавӣ «Дави миллӣ», ки дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки васеи кормандони ташкилоту муасисаҳо ва сокинони шаҳри Ваҳдат гузаронида шуд, иштироки фаъолона варзида, сазовори ҷойи арзанда гардиданд.
Ҳамзамон, суди шаҳри Ваҳдат барои иштироки фаъол дар чорабинии мазкур аз ҷониби Раиси шаҳри Ваҳдат Исмоилзода Мирзо ифтихорномаи Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Ваҳдат сарфароз гардонида шуд, аз ин кормандони суд илҳоми тоза гирифта тасмим гирифтанд, ки ҷиҳати татбиқи сиёсати пешгирифтаи варзишпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳанд.
Суди шаҳри Ваҳдат 