Вохӯрии судяҳои суди шаҳри Ваҳдат Ҳалимбекзода И. ва Иброҳимзода Т. дар “Ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев”-и шаҳри Ваҳдат

16-уми апрели соли 2026 судяи суди шаҳри Ваҳдат Ҳалимбекзода Иброҳим ва Иброҳимзода Тоҷидин Иброҳим вобаста ба тарғибу ташфиқи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии суди шаҳри Ваҳдат бо шаҳрвандон дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Абдулло Абдулвосиев-и шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ ва мулоқот баргузор намуданд.Судяи суди шаҳри Ваҳдат Ҳалимбекзода Иброҳим вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми декабри соли 2025 баргузор гардид суханронӣ намуда иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 соли 2026-умро “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон доштанд. “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, эълон гардидани соли 2026-ум ин бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ, инчунин ифтихор аз истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳадафҳои стратегии кишвар, инчунин тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи барқ баромад намуда, таъкид намуданд, ки истифодаи сарфакорона ва дурусти қувваи барқро ба роҳ монда, маблағи барқро сари вақт пардохт намоянд. Пайгири аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат намуда, баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар саҳмгузор бошанд.
Дар идомаи вохӯрӣ судяи суди шаҳри Ваҳдат Иброҳимзода Тоҷидин Иброҳим дар самти риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, мазмуну муҳтавои қонунҳоро, ки дар таҳрири нав қабул гардидаанд, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Ба ғайр аз ин дар фарҷоми вохурӣ ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас доданд.