Иштироки Раиси суди шаҳри Ваҳдат Зуҳурзода Д.Ш. дар гусели наваскарон

Иштироки Раиси суди шаҳри Ваҳдат Зуҳурзода Д.Ш. дар гусели наваскарон
Раиси суди шаҳри Ваҳдат Зуҳурзода Далер Шукурҷон санаи 01-уми апрели соли 2026 дар қисми низомии 16772 Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат дар маъракаи гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода ва дигар намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассисаҳо иштирок намуд.
Дар оғози чорабинии мазкур зимни суханронӣ таъкид намуданд, ки вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯст ҳифз ва таҳкими рукнҳои давлатдории миллӣ мебошад, ки яке аз онҳо Қувваҳои Мусаллаҳ маҳсуб меёбад. Имрӯз ҷавонони бо нангу номуси шаҳр барои адои қарзи фарзандии хеш дар назди Ватан-Модар ба ҳам омаданд ва баҳри хизмати содиқона камари ҳиммат бастаанд.
Ба ғайр аз ин, гуфта шуд, ки хизмат кардан ба Ватан – Модар бояд барои ҳар яки шумо ифтихору шараф бошад. Ватанро мисли модари хеш дӯст доштан ва мисли гавҳараки чашм онро эҳтиёт намудан қарзи ҳар кадом аз фарзандони миллат аст. Ватан муқаддастарин ганҷи ҳастӣ ва истиқлол неъмати бебаҳои миллат аст. Хизмат дар сафи Артиши миллӣ барои ҷавонон мактаби ҳаёт, мактаби ҷасорату мардонагӣ мебошад. Онҳо маҳз дар давраи хизмат имкон доранд, ки моҳияти мафҳуми Ватан, давлат ва миллати худро ба хубӣ дарк карда, сабақи далериву шуҷоат ва садоқат омӯзанд.
Аз тарафи роҳбарияти шаҳри Ваҳдат ба падару модароне, ки фарзандонашон дар рӯзи аввали даъват ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд, сипосгузорӣ намуда, изҳори итминон карданд, ки ҷавонони ватандӯст ва хештаншиноси шаҳр ҳангоми адои хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ вазифаи бошарафу муқаддаси худ – ҳимояи Ватани маҳбубамонро бо сари баланд ба ҷо оварда, баҳри таъмини зиндагии осоишта ва муҳофизати марзу буми Меҳан бо интизоми қавӣ, донишу малакаи муосир ва муҳимтар аз ҳама, бо руҳияи баланди садоқат ба давлат, Ватан ва халқи хеш иҷро менамоянд.