Вохӯрии муовини Раиси суди шаҳри Ваҳдат Асрорӣ И.Қ. дар “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3”-и шаҳри Ваҳдат

Вохӯрии муовини Раиси суди шаҳри Ваҳдат Асрорӣ И.Қ. дар “Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3”-и шаҳри Ваҳдат

Дар санаи 03-юми апрели соли 2026 ҷиҳати тарғибу ташфиқи Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин тибқи нақшаи чорабиниҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравии суди шаҳри Ваҳдат бо шаҳрвандон дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3-и шаҳри Ваҳдат муовини Раиси суди шаҳри Ваҳдат Асрорӣ Ифтихор Қурбон, судяи суди шаҳри Ваҳдат Ҳусензода Хусрав Ҳусейн ва дигар намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вохӯрӣ ва мулоқот баргузор намуд.

Муовини Раиси суди шаҳри Ваҳдат Асрорӣ И.Қ., вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи 16-уми декабри соли 2025 баргузор гардид суханронӣ намуда иброз дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми декабри соли 2025 соли 2026-умро “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон доштанд. “Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ”, эълон гардидани соли 2026-ум ин бо мақсади боз ҳам таҳким бахшидани ҳисси ватандӯстию худшиносии миллӣ, инчунин ифтихор аз истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ мебошад.
Ба дастовардҳои даврони истиқлолият, ҳадафҳои стратегии кишвар, инчунин тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи барқ баромад намуда, таъкид намуданд, ки истифодаи сарфакорона ва дурусти қувваи барқро ба роҳ монда, маблағи барқро сари вақт пардохт намоянд. Пайгири аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат намуда, баҳри расидан ба истиқлолияти энергетикии кишвар саҳмгузор бошанд.

Дар идомаи вохӯрӣ судяи суди шаҳри Ваҳдат Ҳусензода Хусрав Ҳусейн дар самти риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак” ва “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну марсимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, мазмуну муҳтавои қонунҳоро, ки дар таҳрири нав қабул гардидаанд, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Ба ғайр аз ин дар фарҷоми вохурӣ ба саволҳои иштирокдорон посухҳои мушаххас доданд.