ҶАШНИ НАВРӮЗӢ ДАР СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАШНИ НАВРӮЗӢ ДАР СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар таърихи 21-уми марти соли 2026 дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо оростани хони Наврӯзӣ аз тарафи Суди Олӣ, судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳо ва судҳои шаҳру ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ, дар саҳни бинои асосии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.Суди шаҳри Ваҳдат бо роҳбарии Раиси суд Зуҳурзода Далер Шукурҷон, судяҳо ва дигар кормандони дастгоҳи суд дар чорабинии ҷашни “Наврӯз”-и байналмилалӣ дар Суди Олӣ бо ороиши хони Наврӯзӣ, ки дар саҳни бинои асосии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, фаъолона ширкат варзиданд.Чорабинии мазкурро Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад, оғоз бахшида, зимнан изҳор намуданд, ки Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму ойине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Табиат ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд.
Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳ бо судяҳои Суди Олӣ, раисон ва судяҳои судҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тебеи кишвар аз намоиши наврӯзии оростаи судҳо дидан намуда, ҳангоми боздид аз ороиши хони Наврӯзии оросташуда, ки фарогири ойинҳо ва суннатҳои куҳани Наврӯз буданд, ба масъулин изҳори ташаккур намуда, ба кӯдаконе, ки порчаҳои шеърӣ ҳамчун мужда аз пайки Наврӯзи қироат намуданд, туҳфаҳо тақдим намуданд, ки аз суннатҳои ин ҷашни аҷдодӣ маҳсуб мебошад.
Дар ин раванд, аз тарафи Роҳбарияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштироки фаъолона дар истиқболи ҷашни пуршукуҳи Наврӯзи Байналмилалӣ якқатор судҳои шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла Суди шаҳри Ваҳдат бо Сипосномаи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз ва қадрдонӣ карда шуданд.