ВОХӮРӢ ДАР ҶАМОТИ ДЕҲОТИ КАРИМ ИСМОИЛОВИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

ВОХӮРӢ  ДАР  ҶАМОТИ  ДЕҲОТИ  КАРИМ  ИСМОИЛОВИ  ШАҲРИ  ВАҲДАТ

       Дар таърихи 01 феврали соли 2024 Муовини якуми Раиси  суди шаҳри Ваҳдат Ҳабибуллозода Хайрулло, Муовини Раиси суд Асрорӣ Ифтихор Қурбон ва судяи суди шаҳри Ваҳдат Қурбонзода Шоҳин Шараф дар мавзуи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ» зикр гардидаанд бо сокинон ва кормандони масъулини Ҷамоати деҳоти Карим Исмоилови шаҳри Ваҳдат вохӯрӣ ва баромадҳо намуданд.

     Соли 2024 тибқи Паёми Пешвои миллат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон соли маърифати ҳуқуқӣ эътироф гардид, ки мақсади асосии он ин баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, дуруст ва пурра дарк намудани талаботи қонунгузорӣ, пешгирӣ намудани содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳо дар байни аҳолӣ ба шумор меравад.

      Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки фарҳанги ҳуқуқии хешро сайқал дода, даст ба қоидаву қонуншиканиҳо назанем, зеро рушди давлатдории ҳар як миллату давлат, бахусус рушди соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар ин аз низоми устувории ҳуқуқии кишвар ва маърифати баланди шаҳрвандони он вобастагӣ дорад.

         Ҳар яки моро зарур меояд, ки фаъолияти кории худро дар заминаи Паёми пешвои миллат ба роҳ монда, ҳар як банд ва дастуру супоришҳои онро сармашқи кории худ қарор диҳем ва дар амалигардонии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар нақшгузор бошем.