ВОХӮРӢ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ Н.РОЗИКИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

ВОХӮРӢ ДАР ҶАМОАТИ ШАҲРАКИ Н.РОЗИКИ ШАҲРИ ВАҲДАТ

      Судяи суди шаҳри Ваҳдат Абдуллозода Фарҳод Тағойбек санаи 18 январи соли 2024 бо сокинон ва намояндагони Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат вобаста ба Паёми Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ ва баромад намуд.

     Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пайём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки «Соли 2024, соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шавад.

      Эълон гардидани соли 2024 соли маърифати ҳуқуқӣ ва тавъам донистани он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо маънои амиқу ниҳои дорад, балки тадбири муҳими саривақти барои бунёди ҷомеаи мутамаддин, сохтани шахси комил ва эъмори давлати ободу муосири миллӣ мебошад.

      Сарвари давлат қабл аз он, ки соли ояндаро соли маърифати  ҳуқуқӣ пешниҳод намояд оид ба авзои ҷаҳон ва вобаста ба он доир ба амнияти давлат ва суботи ҷомеа дар пайи он дар бораи шароит ва имконияти қувваҳои мусаллаҳи мамлакат иттилоъ додаанд.

       Вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон аз ҷумла то рафт шиддат гирифтани раванди азнавтақсимкунии дунё яроқнокшавии бошитоб (ҷанги сард) таҳдиду хатарҳои муосир, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташшакили фаромилӣ моро водор месозад, ки барои таъмин намудани амнияти мудофиавии давлатамон тадбирҳои иловагӣ андешем.   

      Пешвои миллат зарур донист, ки баҳри таъмини амнияти мудофиавии мамлакат тадбирҳои зерин амалӣ шаванд.

а). бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии қувваҳои мусаллаҳ;

б). омода намудани кадрҳои баландихтисос;

в). такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсӣ, ҷузъу томҳо;

г). боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон.

     Тавре, ки аз пайём бармеояд аз ҷониби ҳукумати мамлакат доир ба навсозии иқтидори қувваҳои мусаллаҳ чораҳои зарурӣ амалӣ шуда, ин раванд минбаъд низ идома дода мешавад.

      Ҳадаф аз навсозии имконияти қувваҳои мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи Тоҷикистон мебошад.

      Дар мавриди таъмини амният ва субот омили асосии риояи қонун мебошад. Ҳамин аст, ки Сарфармондеҳи Олии қувваҳои мусаллаҳ таъкид намуд, ки роҳбарони (қувваҳои мусаллаҳ, воҳидҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бояд ба риояи ҳатмии оиномаҳои ҳарбӣ тартибу низом ва таъмини волоияти қонун эътибори доимӣ ва қатъи диҳанд).

      Тавре, ки маълум аст тамоми механизми қонунгузории мамлакат аз Конститутсия сарчашма мегирад. Конститутсияи соли 2024, сиюмин солгарди қабули он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Ҳамон Конститсия, ки заминаи эъмори давлати мустақили миллӣ ва пешравии тамоми ҷанбаҳои ҳаёти мардуми мамлакатро фароҳам овардааст ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини тоҷикон дар асри нав мебошад. Ба ифодаи пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем. Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии давлатамонро таъмин намоем, барои ҳар шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем).

      Ба ифтихори 30 солагии қабули Конститутсия аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод гардидани соли 2024 ҳамчун соли маърифати ҳуқуқӣ дар назди ҳар сокини мамлакат масъулияти бештар мегузорад. Зеро риояи қонун аз оила аз маҳал, аз ҳар яки мо вобаста мебошад. Агар садҳо биноҳои муосири баландошёна бунёд шавад, тамоми роҳу шоҳроҳҳо мисли шиша ҳамвору чароғон шавад, тамоми шароити маиши дар сатҳи баланд муҳайё шавад, вале маърифати ҳуқуқӣ риоя ва иҷрои қонун чӣ аз тарафи сокинони оддӣ ва чӣ аз тарафи шахсони вазифадору масъулин таъмин нашавад бунёди ҷомеаи мутамаддин ба зуди ва осонӣ ба мо муясар намегардад.

судя Абдуллозода Ф.Т.