ШАҲОМАТИ МИЛЛӢ

         Фарҳанги наврӯзӣ бо фалсафаи авастоии «Пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек» пайванди амиқ дорад. Тӯли ҳазорсолаҳо гузаштагони пурифтихори мо Наврӯзро, ки бо эҳёи табиат пас аз сардиҳои зимистон рост меояд, ҳамчун рамзи пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ, покизагӣ бар нопокӣ, ҳаёт бар марг, муҳаббат бар адоват, серӣ бар гуруснагӣ, оғози амалишавии ормонҳои нек бо ихлоси тамом ҷашн мегирифтанд. Ормонҳои саршор аз гуманизм дар суннатҳои наврӯзии миллати мо ҳамчун оин ба кор гирифта мешуданд ва аз байн бурдани онҳо ҳатто ба ғаддотарин ғосибон муяссар нагардидааст. Дар душвортарин давраҳои таърихи тоҷикон аз фарҳанг, аз ҷумла аз фарҳанги наврӯзӣ ва забони модарӣ ҳамчун воситаи зинда нигоҳ доштани миллат истифода бурдаанд.

Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба ҳалқи тамаддунофари мо имкон дод, ки ҷашни аҷдодӣ ва миллии худ Наврӯзи Аҷамро бо тамоми рукнҳояш эҳё намояд. Зимни талошҳои пайвастаи Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Ҳукумати Тоҷикистон соли 2010 бо қарори Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷаҳонӣ эълон карда шуд. Дар қарорнома зикр гардидааст, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад. Наврӯзро алҳол дар 11 кишвари ҷаҳон ҳамчун иди миллӣ расман таҷлил мекунанд.

         Дар даврони истиқлолият ва хусусан пас аз ҷаҳонӣ эълон шудани иди аҷдодиамон дар Ватани маҳбуби мо Наврӯз бо тамоми шукӯҳу шаҳомат таҷлил карда мешавад. Дар таҷлили ин ҷашни зиндагисоз тамоми сокинони кишвар, хурду бузург ширкат мекунанд, ки ин иқдом аз ваҳдату ҳамгиройии мардуми мо шаҳодат медиҳад. Ба фикрам дар мисраҳои зерин чунин ҳамдилӣ бисёр муасир ифода ёфтааст:

         Ҳар куҷо анҷумани Наврӯз аст,

         Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

 

Қодирзода Зафар Абдураҳим

Судяи суди шаҳри Ваҳдат.