Суди шаҳри Ваҳдат ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ, ҷиҳати ичрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташабуси Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон аз ҳисоби пасандозҳои Раиси суд Муовинон ва судяҳои суди шаҳри Ваҳдат санаи 26-уми декабри соли 2024 ба оилаҳои камбизоат ва маъюби шаҳри Ваҳдат Ҷабборова Шодигул 1940 соли таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Эшмуродов хонаи №59, Ғаюров Ҳикматулло 01 феврали соли 1970 таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, кӯчаи Бохтар хонаи берақам, Раҳимов Изатулло Ҷалилович 5-уми марти 1968 соли таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Б.Бурунов, деҳаи Меҳробод ва Ҳоҷиева Одинамоҳ Холназаровна 01 ноябри 1977 соли таваллудаш, сокини шаҳри Ваҳдат, Ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Қипчоқ дар маҷмуъ ба чор оила маводҳои хӯрока аз қабили орд, равған, макарон, собун, шакар, биринҷ, тухм, картошка, пиёз, сабзи, гулкарам, намак ва қанд ҳамчун кӯмаки хайриявии якдафъаина расонида шуд.