Волоияти қонун оромиву саодатмандист

Волоияти қонун оромиву саодатмандист

Аз нигоҳи ҳуқуқӣ Конститутсия қонуни асосии кишвар буда, муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, қонунияту тартиботи ҳуқуқӣ ва маънавиёт танзим мекунад.

Месазад, ки мо имрӯз бо ин санади олии ҳуқуқии хеш ифтихор дошта бошем, чунки он дурнамои пешрафти низоми сиёсиву иқтисодӣ ва шакли давлатдориро муайян карда, бо назардошти анъана, тамаддун ва урфу оини таърихии давлатдории миллӣ, таҷрибаи давлатдориву қонунгузории давлатҳои мутамаддини ҷаҳон ва ҳамчунин воқеияти низоми ҳуқуқии кишвар таҳия, муҳокима ва қабул шудааст. Аз ҷониби коршиносони маъруфи кишварҳои пешрафтаи дунё ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳон баҳои баланд гирифтани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳи гуфтаҳои болост.

Дар ин санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ ва ҳуқуқии давлати тоҷикон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, шакли давлатдорӣ, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, забон ва рамзҳои давлатӣ, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ, асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Ин санад барои гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ замина гузошта, гуногунии шаклҳои моликият, кафолати давлатии фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликиятро эътироф кардааст. Дар натиҷаи ду ислоҳоти конститутсионӣ парлумони думаҷлисаи амалкунанда, такмили мақомоти иҷроия ва сохтори иқтисодии кишвар, баланд бардоштани сатҳи мустақилияти мақомоти судӣ, эътирофи инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ба сифати арзиши олӣ ва дигар ниҳоду андешаҳои домократӣ ба вуҷуд омадаанд.

Дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвар миллати сарбаланди тоҷик бо дастгирӣ ва пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузург ноил гашт. Ҳар як фарди ҷомеа бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки танҳо дар сурати таъмини субот ва тартибу интизом дар ҷомеа, пойдор намудани волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва амнияти давлат расидан ба ҳадафҳои бузург имконпазир мегардад.

Таҳкими қонунияту тартиботи хуқуқӣ, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун яке аз самтҳои афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Зеро пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар ба суботу оромии ҷомеа ва таъмини волоияти қонун вобастагии бевосита дорад. Волоияти қонун оромиву осудагиву саодатмандист.

 

Муовини якуми Раиси суд Ҳабибуллозода Х.