ТАБРИКОТИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ ВАҲДАТ КАМОЛЗОДА САЙФИДДИН ИСМОН БАХШИДА БА ИДИ МОДАРОН

      ТАБРИКОТИ РАИСИ СУДИ ШАҲРИ ВАҲДАТ КАМОЛЗОДА САЙФИДДИН ИСМОН БАХШИДА БА ИДИ МОДАРОН

        Дар санаи 07-уми марти соли 2024 дар толори маҷлисгоҳи суди шаҳри Ваҳдат ба муносибати фарорасии Иди зебову фараҳбахш рӯзи модарон ҷамъомад бо иштироки Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон, муовини якуми Раиси суд Ҳабибуллозода Хайрулло, муовини Раиси суд Асрорӣ Ифтихор, судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Дар ҷамъомад Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон баромад намуда бонувони судро бо Иди модарон табрику муборакбод намуда қайд кард, ки зани тоҷик табиатан тарбиятгари тавоно ва бо хоксориву меҳрубониаш марҳами дили дармандон аст. Ин аст, ки модарону хоҳарони азизи мо рисолати хешро дар соҳаҳои муҳими иҷтимоиву маорифу тандурустӣ ҳамеша сарбаландона ба ҷой оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа мегарданд.

      Иди модарон ҳамхӯру тавъам бо фасли баҳорон буда, чеҳраҳои сарзамину замон, шукуфтани гулу лола, ёсуману райҳон, нағмаву ивғони хушилҳом, навои дилнавозӣ обшорон, резиши борони баҳорон, муждаҳои беғаши кӯдакон, табассумҳои ширини гулдухтарон гӯё ҳам пайку навид ва сари таъзим ба модар аст ва армуғони шодӣ ба меҳан Замон меоранд.

      Бо самимияти бепоён ва орзуҳои беҳтаринро ба муносибати рӯзи Модарон ва бонувон 8-уми март таҳким бахшид.

      Инчунин бо тарбикоти рӯз муовини Раиси суд Ҳабибуллозода Хайрулло баромад намуда, гуфтаҳои Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмонро тарафдорӣ намуда, бонувони судро бо муносибати бо Иди модарон ва хизматҳои пурсамар табрик намуд.