Табрикоти Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон ба муносибати 31-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон ба муносибати 31-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамасола дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23-уми феврал ҳамчун рӯзи таъссисёбии  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад,  ки бо ин мақсад санаи 23-уми феврали соли 2023 ба муносибати истиқбол намудани ҷашни 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар маҷлисгоҳи судии суди шаҳри Ваҳдат ҷамъомади тантанавӣ бо иштироки Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон, муовини якуми Раиси суд Ҳабибуллозода Хайрулло, муовини Раиси суд Асрорӣ Ифтихор Қурбон судяҳо ва кормандони дастгоҳи суд баргузор гардид.

Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмон тамоми кормандони судро бахшида ба ҷашни 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз намуд, ки мо тавонистем дар лаҳзаҳои душвори таърихӣ зери сиёсати хирадмандона ва созандаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон артишии миллии худро аз сирф оғоз намоем, ки имрӯз артиши миллии мо қавӣ гардида, дорои техника ва таҷҳизотҳои муосири замон мебошад. Вобаста ба ҷашни 31-умин солгарди таъсисёбии рӯзи артиши миллӣ Раиси суд ҳамагонро табрик намуда, вобаста ба нақш ва аҳамияти артиши миллӣ маълумоти муфассал дод.

23-феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Бо фарорасии ин рӯзи муҳим ҳамаи ҳамдиёрон, дустону бародарон ва ҳамватанони гиромикадрро табрику таҳниятҳо менамоем. Хонаи ҳамаи мову Шумо ҳамеша обод бошад.
Аз таъсиси Артиши милли 31 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтаанд. Бинобар ин мо бояд шукронаи истиқлолият ва шукронаи ин хонаи обод намоему, дар ободтар гаштани Ватани азизамон саҳми хешро гузорем.

Бори дигар ҳамватанони азиз! Ба муносибати фарорасии Рўзи таъсисёбии Артиши Миллии Тоҷикистон табрику таҳният мегўем.

Бо тарбикот  муовини якуми Раиси суд Ҳабибуллозода Хайрулло баромад намуда, гуфтаҳои Раиси суд Камолзода Сайфиддин Исмонро тарафдорӣ намуда, ҳамаи кормандонро бо муносибати 31-умин солгарди таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намуд.

Инчунин аз ҷониби Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковники мудофиа  муҳтарам Шерали Мирзо ба муносибати  Иди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои собиқдорони меҳнат, кормандони болаёқати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, барои хизматҳои шоиста ба халқу Ватан ба Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон нишони сарисинагӣ (медали ҷашнӣ ) мукофотонида шуд.