ТАҚДИМИ СИПОСНОМА

                       ТАҚДИМИ СИПОСНОМА

Дар санаи 11-уми сентябри соли 2024 дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат аз тарафи Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Ислом Ҳайдарзода ба Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон барои саҳми арзанда дар татбиқи сиёсати давлатӣ, баланд бардоштани савияи дониши сиёсии аъзои ҳизб, ҳидояти мардум ба бунёдкорию созандагӣ, инчунин иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва дар амал татбиқ намудани Оинномаю Барномаи ҳизб бахшида ба Иди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-юмин солгарди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон “Сипоснома” сарфароз гардонида шуд.

Инчунин аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Шоҳиён ба Раиси суди шаҳри Ваҳдат Камолзода Сайфиддин Исмон барои саҳми арзанда дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ дар арафаи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Норак баҳри ифтитоҳу ба истифода додани иншоотҳои ҷашнӣ ба муносибати 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Сипоснома” сарфароз гардонида шуд.