РУШДИ ҲОКИМИЯТИ СУДӢ

РУШДИ  ҲОКИМИЯТИ  СУДӢ

        Мардуми саодатманди Тоҷикистон соли равон таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Ин рӯзи таърихиро кормандони мақомоти судии кишварамон низ бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд, зеро ин мақомоти қудратӣ бевосита зода ва парвардаи даврони истиқлолиятмебошанд.

         Бояд хотирнишон сохт, ки бо қабул гардидани Эъломия дар бораи истиқлолият бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон дар Қонуни асосии давлат, дар ин ҳуҷҷати тақдирсоз мафҳуми таҷзияи ҳокимияти давлатӣ нишон дода шуда, ҳокимияти судӣ дар баробари ҳокимияти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия ҷой ва мавқеи худро ба даст овард.

         Пас аз се соли қабули эъломия дар натиҷаи ҷаҳду талош ва заҳматҳои ҳамарӯзаи Пешвои муаззами миллат 6-уми ноябри соли 1994 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлатии навини Тоҷикистон қабул гардида, заминаи ҳуқуқии давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гузошта шуда, роҳҳои асосии демократикунонии ҷомеа, принсипҳои ташкили низоми мақомоти олии ҳокимияти давлатӣ ва тартиби фаъолияти онҳоро муайян намуд.

         Пас аз чанд муддати қабули Конститутсия моҳи декабри соли 1994 Қонун «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ» қабул карда шуд, ки он барои сохтмони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эъмори давлатӣ демократию ҳуқуқбунёд заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

         Дар асоси талаботи Конститутсия ва ислоҳоти конститутсионӣ соли 1995 бобати мукаммалии мустақилият ва беҳдошти фаъолияти ҳокимияти судӣ қонунҳои конститутсионӣ: «Дар бораи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Суди Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақоми судҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи сохтори судӣ», «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои ҳарбӣ» қабул гардиданд.

         Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тағйироти ҷиддии дар ҳаёти ҷомеа ба миён омадаро воқеъбинона таҳлил намуда, ба он сари вақт баҳои ҳақиқӣ ва амиқи илмӣ дода, 14-уми апрели соли 1997 фармон «Дар бораи баъзе чораҳои таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ», қабул намуда, дар кишварамон гузаронидани ислоҳоти судӣ-ҳуқуқиро зарур шумориданд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки бо қабули ин фармон барои муҳайё намудани шароити моддӣ-техникӣ ба судҳо, бо кадрҳои баландихтисос таъмин намудани мақомоти судӣ, баланд бардоштани маоши хизматии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, беҳтар кардани шароити маишии судяҳо ва дар ин замина пойдор гардонидани мустақилияти ҳокимияти судӣ шароиту имконияти зарурӣ фароҳам гардид. Ин иқдоми саривақтии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои қабул ва марҳила ба марҳила гузаронидани Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ заминаи воқеӣ гузошт.

         Лозим ба ёдоварист, ки ҷараёни татбиқи Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ собит намуд, ки қонунҳои конститутсионии ҷудогонаи қабулгардидаи соли 1995 бо назардошти дигаргунии муносибатҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ ба як қонуни мукаммали конститутсионӣ фароҳам оварда шаванд. Бо ҳамин мақсад, мақомоти қонунгузории мамлакат 6-уми августи соли 2001 ҳамаи қонунҳои дар боло зикргардидаро дар Қонуни конститутсионӣ «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» якҷо намуда, дар ин асос низоми сохтори судии мамлакат муайян гардид.

         Шоистаи зикр аст, ки дар натиҷаи саъю кӯшиш ва ғамхории пайвастаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакат чор маротиба Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ қабул карда шудааст, ки барои марҳила ба марҳила гузаронидани чорабиниҳо баҳри мустаҳкам кардани мустақилияти ҳокимияти судӣ ва беҳдошти фаъолияти мақомоти судӣ шароиту имкониятҳои беҳтаринро фароҳам овард.

         Ҳамчунин, бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-юми июни соли 2007, таҳти №271, кодексҳои мурофиавии гражданӣ, мурофиавии ҷиноятӣ, мурофиавии суди иқтисодӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ қабул гардида, тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати баамалбарории адолати иҷтимоӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, манфиати давлат ва риояи тартиботи ҳуқуқӣ таъсири судманд бахшиданд.

         Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббуси навбатӣ зоҳир карда, моҳи апрели соли 2004 ба ҳукми қатл мораторий эълон намуданд, ки мувофиқи он минбаъд судҳои ҷумҳурӣ бо ҳукмҳои худ чунин ҷазои нанговарро татбиқ намекунанд.

         Инчунин, дастоварди дигари мустаҳкам гардидани мустақилияти ҳокимияти судӣ аз тобеияти мақомоти прокуратура баровардани татбиқи ҳабси пешакӣ ва ба ихтиёри ҳокимияти судӣ вогузор кардани ин амали мурофиавӣ мебошад. Бо ислоҳи ин иштибоҳи ҳуқуқӣ, ки аз рӯзҳои аввали барқароршавии сохти шӯравӣ амал мекард, эътибори ҳокимияти судӣ бамаротиб афзуд.

         Ҳамчунин, тадбири дигари муҳими Барномаи давлатии ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ аз тобеияти мақомоти судӣ баровардани иҷрочиёни суд ба шумор меравад, ки ин амал боиси баланд гардидани мавқеъ ва нақши ҳокимияти судӣ дар ҷомеа гардид.

         Ҳамзамон, хотиррасон карданием, ки вохӯрию мулоқотҳои чандинкаратаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо судяҳои ҷумҳурӣ ва кормандони масъули мақомоти судӣ ва дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои беҳтар гардидани фаъолияти судяҳо дар қабули қарорҳои қонунӣ ва асоснок нақши муҳим бозидаанд.

         Айни замон мо, судяҳои ҷумҳурӣ, баҳри амну суботи кишвар, сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлати ҷоноҷон ва ободию шукуфоии Ватани азизамон самаранок меҳнат намуда, ҳидояту роҳнамоиҳои Пешвои муаззамро бо сарбаландӣ ва масъулияти баланд иҷро менамоем.

 

Судяи суди шаҳри Ваҳдат;

Муминзода Исмоил.